Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 декабри соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1048
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 декабри соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1048
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
Дар бораи меъёрҳо ва қоидаҳои гузаронидани солимгардонии минтақаҳое, ки бо маводи радиоактивӣ олуда шудаанд
230.040.070
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" ва Низомномаи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 482 тасдиқ шудааст,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Меъёрҳо ва қоидаҳои гузаронидани солимгардонии минтақаҳое, ки бо маводи радиоактивӣ олуда шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегирам.
Директор Илҳом Мирсаидзода
...