Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №265
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №265
Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 (минбаъд - Барнома) бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ таҳия шудааст.
2. Баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷиноят дар шароити муосир аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо равона намудани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, балки такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини муносибати бонизом ва маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷустуҷӯи шакл ва тарзҳои нави ғайримуқаррарии таъсиррасонӣ ба ҷинояткориро талаб менамояд.
2. МАҚСАД ВА ПРИНСИПҲОИ БАРНОМА
3. Мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад. Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
4. Барнома ба принсипҳои қонуният, демократизм, ошкорбаёнӣ, афзалиятнокии ҳуқуқи шахс ба ҳимоя ва бехатарӣ, эҳтиром намудани манфиатҳои ҳаётан
муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат, масъулияти тарафайни шахсият, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини бехатарӣ, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, мустаҳкам кардани ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилоти байналмилалие, ки муқовимат ба ҷинояткориро амалӣ менамоянд, баробарӣ ва ҳамкориҳои зич байни мақомоти давлатие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд, истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи нав ва бартарии амалисозии чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ асос меёбад.
3. ВАЗЪИ МУОСИРИ ҶИНОЯТКОРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5. Самти асосии таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ин пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
...