Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 270
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 270
Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти машрубот"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти машрубот" (минбаъд - Регламенти техникӣ), талаботи ҳатмиро нисбат ба маҳсулоти машруботи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда, равандҳои ба он алоқаманди истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифодаи партовҳо ва талаботро оид ба тамғагузорӣ ва бастабандии маҳсулоти машрубот барои таъмини гардиши озоди он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, моликият, муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвоноту наботот, пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагони маҳсулоти машруботро нисбат ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меорад, таҳия карда шудааст.
2. ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
3. Регламенти техникӣ ба маҳсулоти машруботӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, татбиқ мегардад. Объектҳои танзими техникии Регламенти техникӣ ба шумор мераванд:
- маҳсулоти машрубот;
- равандҳои истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифодаи партовҳо вобаста ба талабот нисбат ба маҳсулоти машруботӣ.
4. Регламенти техникӣ ба доираи маҳсулоти машруботӣ татбиқ намегардад:
- маҳсулоти машруботие, ки тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи транзит интиқол дода мешавад;
...