Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 30 апрели соли 2021, № 166

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2021, № 166

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2021, № 166

Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъдСтратегия) ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуда, ҳамчун механизми амалиёбии бонизоми он таҳия гардидааст.

2. Стратегия ба амалисозии мақсад ва вазифаҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир мусоидат менамояд. Интихоби самтҳои афзалиятнок ё стратегии сиёсати давлатии ҷавонон ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ муайян гардидаанд, асос меёбад.

3. Стратегия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 то 30 сола, аз ҷумла ҷавонони дар вазъи душвори зиндагӣ қарордошта ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни табақаҳои дигари аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умед ва такягоҳи давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва умури давлатдорӣ эътимод намояд.

5. Сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки насли ҷавон то чи андоза дорои маърифати сиёсию фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, амалисозии масъулияти шаҳрвандии худ ва ҳадафҳои олии давлатро дарк менамояд. Ҳамзамон, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун самти муҳими рушди ҷомеа баррасӣ карда шавад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ

6. Аксари аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст.

7. Дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои мушаххас андешид.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2021 года, №166

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2021 года, №166

Стратегия государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года

*Стратегия

*План мероприятия

...