ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 декабри соли 2020, № 287
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 декабри соли 2020, № 287
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 127
ҷонибдорӣ карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 127
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ" аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 17) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 3 моддаи 8 калимаҳои "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
...