Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз 28 ноябри соли 2020, № 647

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2020, № 647

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2020, № 647

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (минбаъд-Барнома) ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд.

2. Барнома муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.

3. Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

4. Сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо амалӣ карда мешавад.

5. Барнома ҳамчун ҳуҷҷати дурнамо роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳимро дар самти татбиқи забони давлатӣ муайян намуда, барои таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва маводи таълимӣ мусоидат менамояд.

6. Барнома барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

7. Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, дар 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, қисман амалӣ гардидааст ва бинобар ин, зарурати мукаммал намудани он пеш омадааст.

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан 

от 28 ноября 2020 года, №647

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан 

от 28 ноября 2020 года, №647

Программа развития государственного языка на 2020-2030 годы

*Программа

*Приложение 2

*Приложение 3

...