Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 28 октябри соли 2020, № 569

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2020, № 569

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2020, № 569

 

Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии кишвар ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббии хушсифат таҳия гардидааст.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 фоизи дорувории дар бозори фарматсевтӣ мавҷудбуда аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Барнома барои таъмини рушди саноати дорусозӣ дар шароити мамлакат, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати доруворӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

3. Саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор надошта, қисми зиёди доруворӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Литва, Украина ва Чин ворид карда мешаванд.

2. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

4. Барнома амалишавии вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- такмили заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол, бақайдгирӣ, воридот, содирот ва фурӯши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ; - амалисозии низоми ягонаи идоракунии сифат мутобиқи талаботи байналмилалӣ;

- ҷудо намудани қарзҳои бонкӣ бо фоизи имтиёзнок ба корхонаҳои фарматсевтие, ки ба талаботи амалияи муносиби истеҳсолӣ мувофиқат мекунанд;

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 октября 2020 года, №569

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 октября 2020 года, №569

Государственная программа развития фармацевтической промышленности в Республике Таджикистан на период 2021-2025 годы

* Государственная программа

...