Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2020, №570
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2020, №570
Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ташаккул, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ таҳия гардидааст.
2. Вазифаҳои Барномаро ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори соҳаи ҳунармандӣ, васеъ намудани дастрасии ҳунармандон ба таҳсилоти касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва валидатсияи салоҳияти касбӣ, мусоидат дар тарғиби ҳунармандӣ ва кӯмак ба дарёфти бозори байналмилалии фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил медиҳад. 3. Дар раванди амалисозии Барнома ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи тарафҳои манфиатдор ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ шудааст.
2. ВАЗЪИ ФЕЪЛИИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ
4. Ҷиҳати тақвият бахшидани рушди ҳунарҳои мардумӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2018, №60 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451" ба 104 намуди фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод карда шуд, ки ба рушди ҳунармандӣ мусоидат намуда, ҳунармандонро ҳавасманд кард.
5. Бо мақсади мукаммал гардондани махзани иттилоотии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъоварии маълумоти дақиқ вобаста ба ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2019 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 1100 ҳунарманди касбӣ ва расмӣ ба рӯйхат гирифта шуданд. Тибқи тадқиқоти гузаронидаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамояд, ки онҳо аз рӯи усули омӯзиши амалии "Устод-шогирд", аъзои хонавода ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳунармандӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, ҳунармандон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 563 нафар, вилояти Хатлон 2431 нафар, вилояти Суғд 1831 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1424 нафар ва дар шаҳри Душанбе 556 нафар ҳунармандон кору фаъолият менамоянд.
6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳунармандон асосан ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ (сӯзанӣ, тоқӣ ва сару либос), бофандагӣ (қолинҳо, адрасу атлас, ҷуроб ва кешбофӣ), кандакорӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, коркарди металл, пазандагӣ, наққошӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, эҳёгарӣ ва самтҳои дигар машғул мебошанд.
7. Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Мастчоҳ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Бобоҷон Ғафуров, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Варзоб, Рашт, Файзобод, Шаҳритуз, Панҷ ва Восеъ мағозаю дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳҳои истеҳсоли атласу адрас ва корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфтанд.
8. Таҳлил нишон медиҳад, ки асосан омӯзиши касбу ҳунар бо тарзи омӯзиши амалии "Устод-шогирд" аз ҳисоби аъзои оила ва хонадон ба роҳ монда шудаасту аксар ҳунармандони ҷавон доир ба касбу ҳунари омӯхтаашон ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд. Бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, №568 "Дар бораи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия" на танҳо ҳунармандон, балки ҳамаи онҳое, ки малакаву маҳорати касбӣ доранд, метавонанд дар сурати гузаштан аз имтиҳон соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гарданд. Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он барои шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон фаъолияти худро равона намуда, малакаи 2294 шаҳрванди синну соли гуногунро бо шаҳодатнома тасдиқ намудааст.
...