Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.) аз 28 октябри соли 2020, № 567

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28октябри соли 2020, № 567

Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.) (минбаъдБарнома) тадбирҳои кӯтоҳмуддате, ки тибқи банди 2.8. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 қабул карда шудааст, таҳия гардидааст.

2.Барнома ҷиҳати иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ", Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №503 тасдиқ шудааст, ҳамчунин стратегия ва барномаҳои дигари қабулшудае, ки зарурати қабули стандартҳои байналмилалии бехатарии озуқавориро дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ тақозо менамояд, таҳия гардидааст.

3.Барнома ба фароҳам овардани заминаи қонунгузорӣ, молиявӣ ва техникӣ барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар идоракунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалии бехатарии маҳсулоти хӯроквории дар Стандарти байналмилалии Global G.A.P. пешбинигардида равона карда шудааст.

4.Имрӯз Стандарти байналмилалии Global G.A.P. усули муттаҳидгардонии идоракунии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, ки бехатарии шароити истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзиро кафолат медиҳад.

2. МУҲТАВОИ МУШКИЛОТ ВА ЗАРУРАТИ ҲАЛЛИ ОН

5.Заминаҳои пешбурди Стандарти байналмилалии Global G.A.P. дар афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон бо имконияти дастрасӣ ба бозорҳои алтернативие, ки қобилияти харидории баланд доранд, ба миён омад. Аксарияти марказҳои тиҷоратии (супермаркет) Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Аврупо ва Осиё талаботро ба сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ тақвият дода, пайгирии технологияи истеҳсоли онҳоро талаб мекунанд.

6. Бозорҳои анъанавии маҳсулоти Тоҷикистон (Россия ва Қазоқистон) низ чораҳои тақвияти назорати бехатарии маҳсулоти кишоварзии воридшударо қабул менамоянд. Тамоюли ҳиссаи фурӯши маҳсулоти кишоварзии дар бозорҳои кушодаи Россия ва Қазоқистон, ки дар онҳо маҳсулоти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, камтар аз 10 фоиз буда, солҳои охир ин ҳисса ба манфиати шабакаҳои хариду фурӯш, ки таҳвилгарони кафолати назорати маҳсулотро тақозо мекунад, коҳиш меёбад.

7.Татбиқи Стандарти байналмилалии Global G.A.P. дар кишварҳои минтақа (ӯзбекистон ва Қазоқистон) бо суръат пеш рафта истодааст, ки ба рақобатпазирии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон таъсир мерасонад.

8. Стандарти байналмилалии Global G.A.P. ин стандарти эътирофшудаи байналмилалӣ мебошад, ки таҷрибаи муносиби кишоварзиро таъмин намуда, сифат ва бехатарии маҳсулотро кафолат медиҳад. Мутобиқи талаботи стандарт то ҳадди ниҳоӣ паст кардани хавфҳои истеҳсолӣ тавассути пайгирӣ ва назорати тамоми давраи истеҳсолот, аз лаҳзаи ба харидор фиристодани маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ карда мешавад.

9.Стандарти байналмилалии Global G.A.P. чун стандарт дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ибтидоӣ аз ҷониби Ташаббуси байналмилалии бехатарии озуқаворӣ (GFSI) шинохта шудааст, ки ин маънои мутобиқати стандарти мазкур ба баландтарин талаботи байналмилалии бехатарии озуқаворӣ мебошад.

10. Барои аксари ширкатҳои хориҷӣ мавҷудияти сертификати Global G.A.P. шарти ҳатмии ҳамкорӣ ва харидории маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

11.Стандарти байналмилалии Global G.A.P. ҳам дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот ва ҳам дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (растанипарварӣ, чорводорию моҳипарварӣ ва ғайра) татбиқ мешавад. Стандарт ба меваю сабзовоти тар, кӯчат, системаи якҷояшуда барои ферма (чорводорӣ, хоҷагии истеҳсоли шир, ҷамъоварии техникии ҳосил ва ғайра), гулҳо ва растаниҳои декоративӣ, чой, қаҳва ва зироатҳои обӣ истифода мешавад.

12. Стандарти байналмилалии Global G.A.P. зиёда аз 200 талаботро дар бар мегирад, ки аксарияти онҳо масъалаҳои амнияти озуқаворӣ (45 фоиз), мутаносибан талаботи ҳифзи муҳити зист 31 фоиз, таъминоти иҷтимоии кормандон, аз он ҷумла масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва гигиена 13 фоиз ва масъалаҳои пайгирӣ (ҳуҷҷатгузории ҳамаи равандҳои хоҷагӣ) 11 фоизро дар бар мегиранд.

13. Ба афзалиятҳои Стандарти байналмилалии Global G.A.P. барои бахши аграрии Тоҷикистон дохил мешаванд:

- пайгирии пурраи ҳар як чорабинии агротехникии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби тақсимкунии марҳилаҳои истеҳсолот, тартиб ва ҳуҷҷатгузорӣ;

- кафолати ҳуҷҷатии истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва бехатар ҳам барои истеъмолкунандагон ва ҳам шарикони соҳибкорӣ, инчунин ба тартиб даровардани баҳисобгирии муҳосибӣ ва шаффофияти андоз;

- риояи дақиқи меъёрҳои ҳимояи муҳити зист, баланд бардоштани гигиенаи меҳнат;

- имконияти баромадани истеҳсолкунанда ба бозорҳои байналмилалӣ.

14.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, афзун гардонидани ҳаҷми содирот ва коҳиш додани ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ шароити мусоидро муҳайё намуда истодааст. Вале бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда вобаста ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ барои тақвияти рушди содирот андешидани тадбирҳои иловагӣ тақозо мегардад.

15.Яке аз масъалаҳои ҳалталаби афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани пайгирӣ ва мутобиқати маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба меъёрҳои бехатарии хӯрокворӣ мебошад.

16.Дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои байналмилалӣ мавҷудияти сертификати Global G.A.P. имконияти тасдиқ кардани мутобиқати маҳсулоти Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи бехатарии маҳсулоти хӯроквориро медиҳад, ки ба афзоиши талаботи истеъмолкунанда мусоидат менамояд.

17.Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки системаи Global G.A.P.-ро ҷорӣ менамояд, вобаста ба талаботи пешбининамудаи бозорҳои байналмилалӣ безарарии маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро тасдиқ намуда, ба ин васила ба баланд гардидани нуфуз ва арзиши маҳсулоти ватанӣ (фурӯш бо нархи баланд) таъсири мусбат мерасонад.

18. Амалигардонии Стандарти байналмилалии Global G.A.P. на танҳо тасдиқи бехатарии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин раванди марҳилавии азнавсозии тамоми системаи идоракунии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Стандарти мазкур дастгирии техникӣ (экспертӣ) ва молиявии истеҳсолкунандагони кишоварзиро талаб мекунад, ки айни замон ҷорӣ намудани талаботи онро мустақилона таъмин карда наметавонанд.

19.Дар ҷумҳурӣ иқтидори мушовирони миллие, ки тавонанд хизматрасонӣ оид ба ҷорӣ намудани талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P.-ро пешниҳод намоянд, ташаккул наёфтааст. Хизматрасониҳои машваратчиён ва аудиторҳои берунӣ аз сабаби баланд будани арзиши онҳо дастрас намебошанд.

20. Инчунин зарурати баланд бардоштани иқтидори мақомоти давлатӣ дар фаҳмиши талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P. ва таҳияи механизмҳои ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои қабули қарорҳои асосии системавӣ, ки ба татбиқи амалии Global G.A.P равона шудаанд, ба миён омадааст.

21.Бо дар назар доштани моҳияти ҳамаҷонибаи Global G.A.P. ва шароити кунунии иқтисодӣ ва институтсионалӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P. татбиқи марҳила ба марҳила пешниҳод карда мешавад:

-марҳилаи омодагӣ, аз ҷумла таҷдиди қонунгузорӣ, марҳилавӣ, техникӣ, зерсохторӣ ва молиявӣ, ки барои татбиқи Global G.A.P. заруранд;

- марҳилаи ибтидоӣ - амалисозии барномаи "G.A.P. миллӣ" (Local g.a.p.), ки мувофиқи тартиботи Global G.A.P. барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ давраи имтиёзноки гузариш пешбинӣ шудааст ва марҳила ба марҳила эътироф кардани Global G.A.P. ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо талаботи Global G.A.P-ро дар назар дорад;

- марҳилаи ниҳоӣ, аз ҷумла гузариш ба Стандарти байналмилалии Global G.A.P..

22. Дар доираи Барнома марҳилаи омодагӣ татбиқ карда мешавад, ки дар он масъалаҳои таъмини ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ барои татбиқи талаботи Global G.A.P дар соҳаи зироаткорӣ (истеҳсоли мева ва сабзавот) пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла:

- дар низоми бақайдгирӣ, харитасозии китъаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ (маълумот дар бораи хоҷагӣ, хок, намудҳои маҳсулоти истеҳсолшуда, маводи кишт ва ғайра);

- дар низоми ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон, ҳифзи иҷтимоӣ (тартиботи санитарӣ ва гигиенӣ);

- дар низоми идоракунии партовҳо ва назорати ифлосшавии муҳити зист;

- дар низоми идоракунии сифат ва бехатарии об ва хок;

- дар инфрасохтори миллии сифат (тартиби аккредитатсия ва сертификатсиякунонӣ);

- тартиби баргардонидан ва бозхонди маҳсулот;

- қоидаҳои истифодабарии заҳрхимикатҳо ва нуриҳои менералӣ ва ғайра.

23. Илова бар ин дар ислоҳоти мазкур ба ҳамоҳангсозии тартиби таҳия ва ҳамоҳангсозии марҳилаи ибтидоӣ - амалисозии барномаи "G.A.P. миллӣ" (Local g.a.p.) бо котиботи Global G.A.P (Олмон) диққати махсус дода мешавад.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

24. Мақсади асосии Барнома фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ, техникӣ ва молиявӣ дар бахши аграрӣ ва соҳаҳои омехта барои ҷорӣ намудани талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P. мебошад.

25. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда ҳал намудани масъалаҳои зерин зарур аст:

-васеъ кардани савияи дониши истеҳсолкунандагон ва мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P.;

- арзёбӣ ва таҳлили қонунгузорӣ оид ба мутобиқат ба талаботи Global G.A.P. бо дарназардошти таҳлили таҷрибаи мавҷудбудаи амалигардонии шароит ва талаботе, ки дар муқаррароти Стандарти байналмилалии Global G.A.P. пешбинӣ шудаанд, барои ҳар як қисми асосии стандарт (қоидаҳои санитарию гигиенӣ, бехатарӣ ва саломатӣ, ҳифзи муҳити зист, об ва хок, идоракунии партовҳо ва ғайра) ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникии амалкунанда барои мувофиқат ба талаботи Global G.A.P.;

- таҳия намудани дастури миллӣ барои тафсири талаботи Global G.A.P, ки ба талаботи меъёрии миллӣ асос ёфтааст. Тоҷикистон ин корро дар ҳамоҳангӣ бо котиботи Global G.A.P амалӣ намуда, дар он Global G.A.P. ва меъёрҳои мутобиқати онҳо дар сатҳи миллӣ, инчунин тавсияҳо барои такмилдиҳии қоидаҳо дар дохили кишварро инъикос менамояд;

-таҳия намудани чораҳои ҳавасмандкунии истеҳсолкунандагоне, ки нақшаи ҷорӣ намудани талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P. доранд ва истеҳсолкунандагоне, ки сертификати Global G.A.P. (инчунин НАССР и ISO)-ро доранд ё барои корҳои сертификатсиякунонӣ шартнома бастаанд;

-арзёбӣ ва таҳияи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори инфрасохтори сифат (таҳияи тартиботи сертификатсия дар доираи Стандарти байналмилалии Global G.A.P., аккредитатсияи мақомоти маҳаллӣ ва/ё аккредитатсияи озмоишгоҳҳои ташхисӣ, омӯзиши мушовирон ва аудиторҳо;

-мувофиқа кардани амалигардонии барномаи "G.A.P. миллӣ" ("Local g.a.p.") бо котиботи Global G.A.P., ки номгӯи уҳдадориҳоро оид ба такмили қонунгузории Тоҷикистон дар бар мегирад.

4. АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ БАРНОМА

26. Иҷрои Барнома имконияти ташкил кардани муносибати маҷмӯӣ ва ҳамоҳангсохта ба Стандарти байналмилалии Global G.A.P. ва тезонидани равиши ҷорӣ кардани онро медиҳад.

27. Амали ин Барнома ба самтҳои зерин таъсири мусбат мерасонад:

- ба ҳамоҳангсозии системаи идоракунии бехатарии маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори инфрасохтори миллии сифат;

- ба беҳтар намудани шароити истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, ки ифлосшавии антропогении (биологӣ, кимиёӣ ва ғайра) маҳсулотро истисно ё пешгирӣ мекунад;

- ба баланд бардоштани эътимоди истеъмолкунандагон, нуқтаҳои хариду захиракунӣ ва савдои чакана ба маҳсулоти Тоҷикистон, ҳамчунин ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

5. ТАШАККУЛ ВА НАЗОРАТИ РАВАНДИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

28.Ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба амалисозии Барнома ва ҳамкориҳои минбаъда бо котиботи Global G.A.P. дар мувофиқакунӣ ва амаликунии "G.A.P. миллӣ" ("Local g.a.p.") ва масъалаҳои дигари ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №495 тасдиқ шудааст, вогузор мегардад.

29. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ гурӯҳи миллии техникӣ оид ба ҷорӣ намудани талаботи Global GAP-ро бо иштироки бахши хусусӣ таъсис дода, мавқеи онро бо Котиботи Global G.A.P. ҳамоҳанг месозад.

30. Гурӯҳи миллии техникӣ оид ба ҷорӣ намудани талаботи Global G.A.P ҳар моҳ ҳисобот оид ба амалигардонии Барномаро ба Шӯрои ҳамоҳангсозии бехатарии хӯрокворӣ пешниҳод мекунад.

31. Маълумот оид ба рафти амалигардонии Барнома дар сомонаи расмии вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳо ва тарафҳои дигари ҷалбгардида нашр карда мешавад.

6. МАНБАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

32.Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор: мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки дар комплекси аграросаноатӣ татбиқ мегарданд, пешбинӣ гардидааст.

 

Замимаи 2

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 октября 2020 года, №567

Программа по созданию благоприятных условий для внедрения надлежащей сельскохозяйственной практики в производство сельскохозяйственной продукции (Международного стандарта Global О.А.Р.)

*Программа