Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2020, № 431
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2020, № 431
Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 (минбаъд - Барнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия карда шудааст.
2. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ин маҷмӯи чорабиниҳои дастаҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ карда мешавад.
3. Ҳадафи Барнома ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Барнома равиши мусбати таъмини кумак, амният ва захираҳоро барои ноболиғон ҷиҳати пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқуқвайронкунӣ пешниҳод менамояд.
4. Барнома муносибати арзандаро нисбати ноболиғон таъмин менамояд, ки тибқи он ҳуқуқ ва шаъну эътибори ноболиғон эҳтиром карда мешавад, эҳтиёҷоти ҳар як ноболиғ ба назар гирифта шуда, барои коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва такроран содир намудани он дар байни ноболиғон мусоидат мекунад.
2. ИТТИЛООТИ МУХТАСАР ВА ДАСТОВАРДҲО
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки меъёру принсипҳои он қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул карда мешаванд.
6. Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалӣ вобаста ба адолати судӣ нисбати кӯдакон Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст.
...