Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсози барномаи мазкур муайян карда шуда, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалигардонии он дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ чораҳои зарурӣ андешад;
- оид ба рафти иҷрои барномаи мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 июни соли 2020, № 387
ш. Душанбе