Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 аз 25 июни соли 2020 № 386

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 июни соли 2020, №386

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2024

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 (минбаъд - Барнома) бо дарназардошти вазифа ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади ноил гаштан ба яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар дар асоси омӯзиши мушкилот, арзёбӣ ва ҳалли масъалаҳо бобати муваффақ гаштан ба меъёрҳои таъмини озуқаворӣ дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ дар асоси рушди устувори соҳаи кишоварзӣ таҳия гардидааст.

2. Таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии бехатарии иқтисодӣ, омили бақои давлатдорӣ ва истиқлолият, низоми муҳими таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва сиёсати демографӣ, тандурустӣ, таъмини фаъолнокии ҷисмонӣ, дарозумрӣ ва зиндагии арзандаи аҳолӣ мебошад. Дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим мебозад ва баррасии ин масъала на танҳо дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ, хонаводагӣ ва шахсӣ бояд қарор гирад.

3. Аҳамияти масъала пеш аз ҳама дар он аст, ки дар сохтори талаботи одам таъминот бо озуқа дар мадди аввал меистад. Номгӯйи озуқаворӣ ва миқдори он дар сабади истеъмолии ҳар як давлат ба хусусиятҳои хоси агроиқлимӣ, таъмини соҳа бо техникаю технологияи муосир ва фарҳанги истеъмоли озуқаворӣ вобаста аст. Дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат истифодаи самараноки заминҳои корами хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ (фермерӣ) ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ муҳим мебошад.

4. Сатҳи истеъмоли озуқаворӣ дар маҷмӯъ дараҷаи рушди иқтисодиёти ҳар як давлатро муайян менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба назар гирифтани тамоюли фаъолияти бозори озуқавории ҷаҳон муколамаи байнидавлатиро ба роҳ монда, бо давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро инкишоф медиҳад.

5. Принсипҳои асосии таҳияи Барномаи мазкур аз инҳо иборат мебошанд: 

- муттасилӣ, ҳамаҷониба ва маҷмӯӣ;

- рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии дохилию минтақавӣ;

- рушди устувори минтақаҳои ҷумҳурӣ;

- огоҳии иҷтимоӣ ва масъулият;

- амалисозии механизмҳои шарикии давлатӣ ба бахши хусусӣ;

- истифодаи афзалиятҳои рақобатпазир ва захираҳои табиию иқлимии ҷумҳурӣ.

6. Амнияти озуқаворӣ ба дараҷаи кофӣ мавҷуд будани маҳсулоти безарару ғизонок, дастрасии ҷисмонию иқтисодии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ба маҳсулоти зарурии босифат, мустақилияти давлат дар таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи имкониятҳоро барои паст намудани таъсири мавсимӣ будани истеҳсоли маҳсулот ва тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти кишоварзӣ дар бар мегирад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

7. Мақсади асосии Барномаи мазкур таъминоти кофии аҳолӣ ва корхонаҳои коркард бо маҳсулоти безарару ғизоноки кишоварзӣ аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ мебошад.

8. Вазифаҳои Барномаи мазкур:

- рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ;

- истифодаи оқилонаи захираҳои кишоварзӣ ва таъмини самаранокии онҳо;

- таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ;

- дастрасии ҷисмонию иқтисодии ҳар як шаҳрванд ба озуқавории безарар мутобиқи меъёрҳое, ки барои ҳаёти фаъолу солим заруранд;

- пешгӯии саривақтӣ, пешгирӣ намудани хавфҳои дохилӣ ва берунаи амнияти озуқаворӣ, то ҳадди ақал расондани таъсири номатлуби онҳо аз ҳисоби тайёрии доимии низомҳои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, ташаккул додани захираҳои стратегии маҳсулоти ғизоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур.

3. АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА

9. Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои Барномаи мазкур афзалиятҳои зерин муайян карда шудаанд:

- таъмини дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ дар асоси афзоиши истеҳсоли дохилии маҳсулоти кишоварзӣ ва коҳиш додани сатҳи вобастагӣ аз воридот;

- ташаккули низоми самараноки идоракунии захираҳои кишоварзӣ ва маданияти истифодабарии онҳо;

- диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ ва таҳкими устувории занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулот;

- шомил шудани ҷумҳурӣ ба гурӯҳи давлатҳо бо сатҳи устувори таъмини амнияти озуқаворӣ (на кам аз 70 фоиз).

10. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳалли вазифаҳои стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро таъмин менамояд.

11. Вобаста ба ин, дар доираи Барномаи мазкур андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати фароҳам овардани шароити умумии рушд бо дарназардошти дастрасии ҷисмонию иқтисодӣ ба озуқа, диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, низоми самараноки идора намудани хатарҳо дар соҳа, самаранок идора намудани равандҳои инноватсионӣ, ҷалби сармоя, рушди неруи инсонӣ ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти асосии кишоварзии истеҳсоли худӣ тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.

4. ТАДБИРҲОЕ, КИ БАРОИ НОИЛ ШУДАН БА АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМАИ МАЗКУР РАВОНА ГАРДИДАНД

12. Таъмини дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ ба озуқа дар асоси диверсификатсия ва инноватсияи соҳаи кишоварзии мамлакат бо мақсади ноил гаштан ба рушди устувор ва рақобатпазирии он, рушди кластерҳои истеҳсолии кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва рушди иқтидори содиротӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба озуқаи баландсифат амалӣ гардонида мешавад. Тадбирҳои амалишаванда то соли 2024 барои ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолии мамлакат равона мегардад (замимаи 1).

13. Дар амалӣ намудани ин вазифаҳо пеш аз ҳама рақобатпазирии маҳсулоти худиро нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ нишон дода, нигоҳдории онро таъмин намудан зарур аст. Маҳсулоти бо технологияи нав нигоҳдоришуда хуб дастрас мегардад, зеро муҳлати нигоҳдории он истеъмоли оммавиро зиёд намуда, ба истеҳсолкунандагон даромади зиёд меорад.

14. Бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ дорои як қатор хусусиятҳо буда, таҳти назорати доимӣ ва фишори омилҳои ғайрибозорӣ, мақомоти назорати давлатӣ, ҷомеа, муҳити зист, инчунин истеъмолкунандагон қарор доранд. Бо ин сабабҳо пешниҳоди маҳсулоти баландсифат мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ дар таъмини рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар чунин шароит истеҳсолкунандагон бояд барои бомуваффақият фаъолият намудан дар бозорҳои озуқаворӣ хизматрасонии маркетингии худро ба роҳ монанд.

15. Майдонҳои кишт асоси соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро ташкил намуда, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо яке аз вазифаҳои асосии истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Аз миқдори умумии майдонҳои кишт 15992 гектар дорои дараҷаи миёна ва олии шӯрнокӣ мебошад. Дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ 6644 гектар замини корам, аз ҷумла замини корами обӣ 6219 гектар аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ 22055 гектар заминҳои обӣ, аз он 18658 гектар заминҳои обии партов мавҷуд мебошад, ки солҳои тӯлонӣ дар истифодаи кишоварзӣ қарор надорад. Яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ ва аз худ намудани заминҳои партову нав мебошад.

16. Дар афзоиши маҳсулоти чорводории аз сафеда бой нақши муҳимро хушзоткунии чорво, зиёд намудани масоҳати зироатҳои хӯроки чорво, баланд намудани маҳсулнокии чарогоҳҳо ва таъмини захираи хӯроки босифат мебозад.

17. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои зикргардида дастгирии давлатӣ дар ташкил ва рушди тиҷорат дар соҳаи кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷойҳои холӣ барои аҳолии қобили меҳнат, дастгирии рушди хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва соҳаҳои дигари фаъолияти тиҷоратии марбут ба деҳот зарур мебошад.

18. Амалисозии бомуваффақияти Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зерини стратегии комплекси агросаноатиро таъмин менамояд:

- дар соҳаи иқтисод - мусоидат ба ташкили истеҳсолоти кишоварзии рақобатпазир барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

- дар соҳаи иҷтимоӣ - баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва рушди инфрасохтори он;

- дар самти ҳифзи муҳити зист - истеҳсоли маҳсулоти бехатар ва нигоҳдории захираҳои табиӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси тақвияти иқтидори техникию технологӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо.

19. Афзалиятҳои асосӣ барои шомил шудан ба гурӯҳи давлатҳо бо дараҷаи миёнаи устувор таъмини суботи иқтисодӣ, сатҳи даромади баланд, ҳиссаи нисбатан пасти хароҷоти хонаводаҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ, кишоварзии пешрафта бо инфрасохтори логистикӣ, диверсификатсияи истеҳсолот ва дастрасии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ба маҳсулоти озуқавории безарар мебошанд.

5. ВАЗЪИ КУНУНИИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ДУРНАМОИ ТАҚВИЯТИ ОН

20. Дар натиҷаи амалисозии Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ва дигар барномаҳои стратегӣ ва соҳавӣ дар 10 соли охир маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ то 85,2 фоиз афзоиш ёфта, дар соли 2019 27,7 млрд сомониро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулот ба ҳар як нафар аҳолӣ 50,2 фоиз зиёд гардида, сатҳи миёнаи таъмини амнияти озуқаворӣ ба 61,7 фоиз расонида шуд.

21. Таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки тамоюли афзоиши онҳо ба назар мерасад. Дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 77354,7 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2018 бо нархҳои муқоисашаванда 107,5 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 19,3 миллиард сомонӣ ва чорводорӣ 8,4 миллиард сомониро ташкил намуд, ки дар маҷмӯъ бо муқоиса ба соли 2018 ба андозаи 7,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

22. Ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 847 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он зироатҳои ғалладонагӣ 383,7 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 215,5 ҳазор гектар, картошка 51,8 ҳазор гектар, сабзавот 67,1 ҳазор гектар, полезӣ 21,9 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 107 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

23. Дар соли 2019 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1414835 тонна, картошка 994427 тонна, сабзавот 2182493 тонна, зироатҳои полизӣ 701333 тонна, мева 473628 тонна ва ангур 247167 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2018, ғалладонагиҳо 9,2 фоиз, картошка 3,1 фоиз, сабзавот 3,0 фоиз, полизӣ 9,3 фоиз, мева 5,8 фоиз ва ангур 2,2 фоиз зиёд гардид. Ба як нафар аҳолӣ истеҳсоли ватании ғалладона 152,8 кг, картошка 107,4 кг, сабзавот 235,7 кг, полизӣ 72,7 кг, мева ва буттамеваҳо 51,1 кг ва ангур 26,7 килограмро ташкил дода, дар маҷмӯъ вобаста ба меъёри тавсиявии истеъмол маҳсулоти нонӣ ба 53,4 фоиз, картошка 120 фоиз, сабзавот 193 фоиз, меваҷот 64,5 фоиз баробар гардид.

24. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2358,3 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 5671,8 ҳазор сар гӯсфанду буз парвариш меёбад, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 33,2 ҳазор ва 69,9 ҳазор сар зиёд мебошад.

25. Истеҳсоли гӯшт дар соли 2019 ба 272521 тонна, шир 1000563 тонна ва тухм 725,6 миллион дона баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 истеҳсоли гӯшт 4,0 фоиз, шир 1,8 фоиз ва тухм 61,2 фоиз зиёд гардид, ки ба як нафар аҳолӣ гӯшт 29,4 кг, шир 108,0 кг ва тухм 78 дона рост меояд.

26. Дар соли 2019 воридоти орд 81,7 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ 5,2 фоиз, тухм 26,3 фоиз, равғани растанӣ 24,2 фоиз, қанду шакар 39,3 фоиз, чой 5,9 фоиз зиёд гардида, воридоти сабзавот 72,7 фоиз, картошка 88,5 фоиз ва меваҷот 3,6 фоиз кам шудааст.

27. Дар соли 2019 миқдори килокалория барои як одам дар як шабонарӯз 2647 килокалорияро ташкил дод, ки нисбат ба меъёри тавсиянамудаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (2100 килокалория дар як шабонарӯз) 547 килокалория зиёдтар аст. Мутобиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ сабади истеъмолӣ ба ҳар як сари аҳолӣ дар як шабонарӯз 3683 килокалория ташкил медиҳад.

28. Арзиши маҳсулоти озуқаворие, ки сабади истеъмолиро ташкил менамояд, аз рӯи истеъмолоти воқеӣ бо нархҳои соли 2019 ба ҳар як аъзои оила 198,5 сомонӣ ва дар мавриди ғизогирии пурра аз рӯи меъёр 388,2 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ музди меҳнати моҳонаи кишоварзон дар соли 2019 ба андозаи 594 сомонӣ ва музди миёнаи ҳармоҳаи бахши воқеӣ 1644,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 21 фоиз зиёд мебошад.

29. Дар маҷмӯъ натиҷаҳои соли 2019 нишон доданд, ки истеъмоли сарикасии намудҳои асосии озуқаворӣ 512 килограмро дар як сол ташкил дод. Дар ин маврид ҳиссаи маҳсулоти ғалладонагӣ 31,3 фоиз, сабзавот 28,6 фоиз, тухм 1,0 фоиз, маҳсулоти ширӣ 14 фоиз, мева 7,0 фоиз, картошка 8,2 фоиз, гӯшт 2,6 фоиз, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ 3,0 фоиз ва равған 3,5 фоизро дар бар мегирад.

30. Масъалаҳое, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд, инҳоро дар бар мегиранд:

- нарасидани техника ва технологияи муосир ҳангоми коркарди замин ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва чорво;

- наандешидани чораҳои зарурӣ оид ба баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои корам ва ҳолати беҳдошти онҳо;

- дастрасии нокифояи кишоварзон ба тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва маводи генетикӣ барои такрористеҳсолкунии чорвои зотӣ;

- мавҷуд набудани марказҳои логистикӣ ва нуқтаҳои фурӯши яклухти маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда;

- дастрасии нокифояи кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок.

6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ САТҲИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

31. Барои арзёбии вазъи амнияти озуқаворӣ чунин низомҳои нишондиҳандаҳо истифода бурда мешаванд:

- маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

- воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;

- сатҳи худтаъминкунӣ бо маҳсулоти худӣ;

- самаранокии истифодабарии захираҳои кишоварзӣ;

- ҳаҷми захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;

- истеъмоли маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳар нафар аҳолӣ;

- дараҷаи таъмини талаботи физиологӣ бо моддаҳои ғизоӣ ва энергия дар як шабонарӯз;

- шохиси (индекси) нархҳои истеъмолӣ;

- даромади пулӣ ва хароҷоти хонаводаҳо;

- таъминот бо нуқтаҳои савдои маҳсулот ба 1000 нафар.

32. Сатҳи таъмини амнияти озуқавории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Сингапур, Канада, Германия, Британияи Кабир, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия) аз 64 то 89 фоизро ташкил менамояд. Ягон давлати ҷаҳон талаботи худро пурра ба маҳсулоти озуқавории дар сабати истеъмолӣ зикргардида таъмин карда наметавонад.

33. Дар ин робита меъёри асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон таъминот ба андозаи 60-80 фоиз бо маҳсулоти озуқавории истеҳсоли худӣ ва дар сатҳи 15-20 фоизи истеъмоли солона нигоҳ доштани ҳаҷми захираи маҳсулоти озуқаворӣ мебошад.

34. Аз рӯи меъёри тавсиявии истеъмолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018, №451 тасдиқ гардидааст, барои қонеъ намудани аҳолӣ (9 млн нафар) 1329 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 828 ҳазор тонна картошка, 1495 тонна сабзавот ва полизӣ, 1117 ҳазор тонна меваҷот, 149,4 ҳазор тонна равғани истеъмолӣ, 367,2 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 1038 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 81 ҳазор тонна моҳӣ ва 1 миллиарду 620 ҳазор дона тухм лозим аст. То соли 2024, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ то 10 млн нафар, худтаъминкунӣ бо маҳсулоти асосии кишоварзӣ дар сатҳи зерин тавсия карда мешавад: ғалладона на камтар аз 80 фоиз (1418000 тонна), сабзавот 150 фоиз (2491500 тонна), картошка 120 фоиз (1104000 тонна), меваҷот 100 фоиз (1241000 тонна), равғани истеъмолӣ на камтар аз 60 фоиз (99600 тонна), гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (бо ҳисоби гӯшт) на камтар аз 60 фоиз (244800 тонна) ва маҳсулоти ширӣ (бо ҳисоби шир) 105 фоиз (1210650 тонна). Ҳаҷми захираҳои ҳар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ бояд 20 фоиз истеъмоли солонаро ташкил кунад.

35. Аксарияти нишондодҳои номбурдаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар оянда аз сиёсати макроиқтисодии давлат вобастагӣ дорад. Вазифаи афзалиятноки амнияти озуқаворӣ дар сатҳи миллӣ таъминот бо маҳсулоти ғизонок: ғалладона, картошка, сабзавот, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ мебошад. Қонеъ намудани талабот бо маҳсулоти арзишнок бояд таҳти назорати доимии мақомоти давлатӣ қарор гирад.

36. Бо ифодаи миқдорӣ сатҳи ҳадди ақали буҳронии истеҳсолоти кишоварзӣ поёнтар аз 50 фоизи худтаъминкуниро ташкил карда, дар натиҷаи он вобастагӣ аз воридот фаро мерасад ва амнияти иқтисодӣ коҳиш меёбад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо дорои ифодаи зерини миқдорӣ мебошанд: ғалладона 793800 тонна, картошка 414000 тонна, сабзавоту зироатҳои полезӣ 750000 тонна, меваҷот 550000 тонна, шир 650000 тонна, гӯшт 183500 тонна ва равғани растанӣ 74500 тонна.

37. Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ то соли 2024, сатҳи миёнаи худтаъминкунӣ (70 фоиз) бо маҳсулоти асосии кишоварзӣ ва озуқавории сабади истеъмолӣ ба ҳар сари аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои тавсиявии физиологӣ дар сатҳи зерин муайян карда мешавад: маҳсулоти ғалладонагӣ дар ҳисоб бо орд 1181600 тонна, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 244800 тонна, моҳӣ ва маҳсулоти он 18000 тонна, шир ва маҳсулоти ширӣ 1115300 тонна, тухм 900 млн дона, равған (растанӣ, чарбу) 99600 тонна, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ (дар ҳисоб бо шакар) 40000 тонна, сабзавот ва зироатҳои полезӣ 2242350 тонна, мева ва буттамева 992800 тонна, картошка 1012000 тонна ва маҳсулоти дигар (чой, намак, хуришҳо ва ғайра) 24000 тонна.

38. Ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, ки мувозинати бозори дохилиро аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ мутобиқ ба сатҳи буҳронӣ (50 фоиз) таъмин мекунад, бояд нуқтаи мабдаи ҳисоби суръати афзоиши истеҳсоли озуқаворӣ ва таъминоти бозори озуқаворӣ ҳисобида шавад. Дар бозори озуқавории ҷумҳурӣ аз соли 1991 тамоюли кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти муҳимтарини кишоварзӣ мушоҳида гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он аз аввали соли 1999 оғоз гардид.

39. Барои арзёбии нисбатан пурраи амнияти озуқавории мамлакат таъсири омилҳои номатлуб, ба монанди тағйирёбии иқлим, шӯршавии хок, норасоии техникаи муосири кишоварзӣ ва ба пуррагӣ дастрасӣ надоштан ба қарзҳои имтиёзнок, баландшавии нархи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва нуриҳои минералиро ба назар гирифтан зарур аст, ки сатҳи онро ҷиддан паст менамояд.

40. Сатҳи баланди худтаъминкунии озуқаворӣ ва таъмини амнияти оуқавории мамлакат аз ҳифзи истеҳсолкунандаи ватании маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад.

7. ХАВФҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

41. Ба таъмини амнияти озуқаворӣ метавонанд хавфҳои зерин таъсир расонанд:

- хавфҳои макроиқтисодӣ, ки ҷозибияти сармоягузории бахши воқеии иқтисодиёти ватанӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, инчунин вобастагии соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиётро аз ҳолати (конъюнктураи) иқтисодиёти беруна коҳиш медиҳанд;

- хавфҳои техникию технологӣ, ки дар ақибмонӣ аз мамлакатҳои мутараққӣ бо рушди технологии заминаи истеҳсолоти ватанӣ зоҳир гардида, фарқият дар талабот нисбат ба бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ташкили низоми назорат ба вуҷуд меояд;

- хавфҳои агроиқлимӣ, ки бо сабаби тағйироти номусоиди иқлим, инчунин дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба миён меоянд;

- хавфҳои савдои беруна, ки бо сабаби пасту баланд рафтани конъюнктураи бозор ба миён меоянд.

42. Хавфҳои номбурда ба амнияти озуқаворӣ таҳдид менамоянд. Суботи рушди иқтисодиёти мамлакат андешидани тадбирҳое, ки ба танзими давлатӣ барои бартараф намудани омилҳои зерин равона гардидаанд, тақозо мекунад:

- сатҳи нокифояи қобилияти харидории маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби аҳолӣ;

- сатҳи нокифояи инкишофи инфрасохтори бозори дохилӣ;

- номутаносибии нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқа дар бозорҳои яклухт ва чакана;

- сатҳи нокифояи инноватсияҳо ва сармоягузорӣ дар бахши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ; 

- нарасидани мутахассисони баландихтисос; 

- фарқият дар сатҳи зиндагии аҳолии шаҳр ва деҳот;

- афзалияти рақобати сунъии маҳсулоти озуқавории хориҷии аз ҳисоби дастгирии давлатӣ истеҳсолгардида.

8.ТАДБИРҲОИ МЕЪЁРӢ ВА ТАШКИЛИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

43. Асоси бунёди ҳуқуқии ҳалли масъалаи озуқавориро дар кишвар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти озуқаворӣ", "Дар бораи бехатарии ғизо", "Дар бораи дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои давлатии соҳавӣ ташкил менамоянд.

44. Барномаи амнияти озуқаворӣ роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаи озуқавориро ба воситаи ҳавасмандкунии истеҳсолоти ватанӣ муайян менамояд. Ҳадафи худтаъминкунӣ бо озуқаворӣ бояд дар санадҳои қонунгузории танзимкунандаи амнияти миллии мамлакат ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бевосита бо қонунгузории иқтисодӣ ва масъалаҳои аграрӣ алоқаманданд, инъикос карда шавад.

45. Ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани таҳдидҳои имконпазир ба амнияти озуқаворӣ андешидани тадбирҳоро дар ду самт тақозо менамояд: якум - фароҳам овардани шароит барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ барои қонеъ гардондани талабот; дуюм - дастгирии талаботи харидории аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ. Амалисозии самти якум танҳо ба шарти фароҳам овардани шароити афзалиятноки рушди комплекси агросаноатӣ ва дуюм дар мавриди ба эътидол овардану баланд бардоштани самарабахшии иқтисодиёт имконпазир мегардад.

46. Механизмҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ба бартараф намудани таҳдидҳои дохилӣ ва берунаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатию хоҷагидориро таъмин намоянд. Тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, ки амнияти озуқавории мамлакатро таъмин менамоянд, бояд дар як вақт дар доираи дурнамои давлатии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва барномаҳои мақсаднок тарҳрезӣ карда шаванд.

47. Низоми таъмини амнияти озуқаворӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Дар асоси онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд: амалисозии сиёсати ягонаи давлатии ба таъмини амнияти озуқавории кишвар равонагардида; тасдиқ ва назорати барномаҳои мақсадноки кишоварзӣ; идоракунии захираи давлатии озуқаворӣ; таъмини ҳифз ва истифодаи оқилона ва навкунии саривақтии захираҳои табиӣ; ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар хусуси таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, ки истеъмоли он сатҳи амнияти озуқавориро муайян менамояд.

48. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ кишвар ҳамоҳангсозиро дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ амалӣ менамоянд.

49. Дар ҳолати истеъмоли озуқаворӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ камтар аз меъёр дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода, мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои махсус андешида, меъёрҳои махсуси муваққатии таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла тақсимоти ба меъёр даровардашудаи маҳсулоти озуқавориро бояд муқаррар намоянд.

9. МЕХАНИЗМҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

50. Механизмҳои таъмини амнияти озуқаворӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки рушди иқтисодиёти мамлакат ва соҳаҳои ҷудогонаи онро муайян мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда мешаванд.

51. Бо мақсади баланд бардоштани дастрасии маҳсулоти озуқаворӣ барои ҳама гурӯҳҳои аҳолӣ, тадбирҳои зеринро андешидан зарур аст:

- таҳияи механизмҳои расондани ёрӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки сатҳи даромадашон барои бо маҳсулоти озуқавории пурарзиш таъмин кардани онҳо имконият намедиҳад;

- тасдиқ намудани низоми нишондодҳои бо ҳам алоқаманди таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла маҳсулоти озуқавории аз маҳсулоти наслтағйирёфта (нумуяҳои аз ҷиҳати ирси дигаргун кардашуда) истеҳсолгардида;

- таҳияи низоми ягонаи талабот барои назорати озуқаворӣ, бо дарназардошти тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ.

52. Дар бахши истеҳсолот ва муомилоти маҳсулоти кишоварзию озуқаворӣ амалисозии тадбирҳои зерин зарур аст:

- муътадилгардонии муносибатҳои байнисоҳавии иқтисодӣ, ки ба рушди суръати такрористеҳсолкунӣ мусоидат мекунанд;

- танзими вазъи нарх ва таҳияи механизмҳои ташаккули нарх дар асоси дастрас будани намудҳои асосии маҳсулот;

- беҳтар намудани низоми кӯмаки пулӣ, қарздиҳии кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат барои таъмини дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои аксарияти молистеҳсолкунандагон;

- ҳавасмандгардонии ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;

- рушди босуръати инфрасохтори бозори дохилӣ;

- таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои наве, ки баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва захирасарфакуниро дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ таъмин менамоянд.

53. Дар самти ташкил ва идоракунии таъмини амнияти озуқаворӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:

- такмил додани пойгоҳи меъёрии ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ, амалисозии пайгирӣ, мониторинг, пешбинӣ ва назорати вазъи амнияти озуқаворӣ;

- арзёбии устувории иқтисодиёти мамлакат нисбат ба тағйирот дар бозорҳои озуқавории ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим;

- арзёбии таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ вобастагӣ доранд;

- ташаккул додани захираҳои иттилоотии давлатӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ.

54. Рушди соҳаи кишоварзиро дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ механизмҳое муайян менамоянд, ки ба сиёсати муътадилгардонӣ ва молиявию қарздиҳӣ, низоми дастгирии давлатии истеҳсолоти кишоварзӣ аз рӯи самтҳои тактикӣ ва стратегӣ ё кафолати худмаблағгузории самарабахши соҳаи кишоварзӣ асос ёфтаанд.

10. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМАИ МАЗКУР

55. Иҷрои Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, инчунин ҷалби маблағҳои сармоягузории (гранти) ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда шавад (замимаи 2).

 

Замима 1-2

 

 

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 июня 2020 года, №386

ПРОГРАММА ПРОДОВОЛЬСТВЕННОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2020-2024 ГОДЫ

*Программа