Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2020, № 252
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2020, № 252
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумакитиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022(минбаъд-Барнома) мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, ба баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.
2. Барномаи мазкур самтҳои асосиии расонидани кумаки тиббию санитариро (намуд, ҳаҷм ва шартҳои онро) дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохтӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз буҷети давлатӣ, инчунин бо захираҳои донории мавҷуда барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.
3. Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд,инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
4. Дар асоси замимаи 1 барнома гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморон, ки ба сифати гурӯҳҳои имтиёзнок оварда шудаанд ва барои гирифтани кумаки ройгони тиббию санитарӣ ҳуқуқ доранд, муайян шудаанд.
5. Шарти асосии расонидани кумаки тиббию санитарӣба таври ройгон ва ҳампардохтӣ (минбаъд-имтиёзнок) ба аҳолӣ ин додани роҳхати табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи муассисаи минтақавии тандурустии маҳалли зист ва хулосаи комиссияи муолиҷавию назоратӣ мебошад.
6. Кумаки ройгони тиббию санитарӣ ба гурӯҳи имтиёзноки аҳолӣ (аз рӯи номгӯи 1 ва 2 замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.
7. Таъминот бо доруворӣ дар доираи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи рӯйхати маводи дорувории асосӣ ва синонимҳои онҳо (минбаъд-РМДА), ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, анҷом дода мешавад.
...