Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 аз 30 декабри соли 2019 № 643

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2019, № 643

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2019, № 643

тасдиқ шудааст

 

Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 - 2025 (минбаъд - Барнома) Барномаи амали миёнамуҳлат мебошад, ки ба афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, бо дар назар доштани дастовардҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ, бо мақсади сода ва дастрас намудани хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва баланд бардоштани интизоми андозсупории андозсупорандагон, таъмини рушди мунтазами маъмурикунонии андоз, ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва беҳсозии минбаъдаи муносибатҳои андозӣ дар байни андозсупорандагон ва мақомоти андоз амалӣ мегардад.

2. Рушди маъмурикунонии андоз ҳамчун як ҷузъи муҳимми ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани муҳити корӣ ва фазои сармоягузорӣ, таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули иқтисоди рақамӣ нигаронида шудааст.

2. ВАЗЪИ КУНУНИИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

3. Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 20112019 бо мақсади такомули маъмурикунонии андоз, барои мусоидат намудан ба рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар як қатор ислоҳот гузаронида шуд. Аз ҷумла дар натиҷаи амалисозии Барномаи мазкур натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд:

- бо мақсади таҷдиди сохтор ва такмили уҳдадориҳои вазифавии мақомоти андоз Низомномаи Кумитаи андоз дар таҳрири нав таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №456 тасдиқ карда шуд. Дар ин робита, ҷиҳати беҳгардонӣ ва муосирсозии хизматрасонӣ барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон ба сохтори раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, раёсатҳои андози вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тағйирот ворид карда шуда, дар сохтори онҳо шуъбаҳои хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон таъсис дода шуданд;

- ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии кори Кумитаи андоз, такмили идоракунии он ва бо иттилооти зарурӣ таъмин кардани мақомоти ҳудудии андоз маркази коркарди иттилоот таъсис дода шуд;

...

Приложение 1

утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2019 года, №643

Приложение 1

утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2019 года, №643

Программа развития налогового администрирования в Республике Таджикистан на 2020-2025 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития налогового администрирования на 2020-2025 годы (далее - Программа) является среднесрочной программой действий, основанной на приоритетах Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и осуществляемая с учетом достижений международной практики, с целью упрощения и доступности предоставления услуг налогоплательщикам и повышения налоговой дисциплины налогоплательщиков, обеспечения последовательного развития налогового администрирования, внедрения цифровой экономики и дальнейшего улучшения налоговых отношений между налогоплательщиками и налоговыми органами.

2. Развитие налогового администрирования, как важного элемента экономических реформ в Республике Таджикистан, направлено на улучшение деловой среды и инвестиционного климата, укрепление конкурентоспособности национальной экономики и формирование цифровой экономики.

2. ТЕКУЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ НАЛОГОВОГО АДМИНИСТРИРОВАНИЯ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

3. В последние годы в Республике Таджикистан был проведен ряд реформ в рамках реализации Программы развития налогового администирования на 2011-2019 годы, с целью развития налогового администрирования для содействия устойчивого развития различных секторов экономики. В частности, в результате реализации указанной Программы были достигнуты следующие результаты:

- в целях реорганизации структуры и совершенствования функциональных обязанностей налоговых органов разработано Положение о Налоговом комитете в новой редакции и утверждено постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №456. В этой связи, в целях укрепления и модернизации услуг для граждан и налогоплательщиков, в структуру управления о обслуживания налогоплательщиков, налоговых управлений Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе и налоговых инспекций городов и районов республиканского подчинения внесены изменения и в их составе созданы отделы обслуживания хозяйствующих субъектов и граждан;

- создан центр обработки данных для повышения эффективности работы Налогового комитета, совершенствования его управления и обеспечения территориальных налоговых органов необходимой информацией;

- между Министерством финансов и Налоговым комитетом создана единая сеть, посредством которой данные о налоговых поступлениях в бюджет передаются в налоговые органы через защищенные и другие линии;

...