Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 644 "Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022

 

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсинии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20202022-ро таъмин намоянд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳар семоҳа ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд.

4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 декабри соли 2019 № 644

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2020-2022 годы

В соответствии со статьей 16 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2020-2022 годы (прилагается).

2. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить своевременное и полное выполнение мероприятий Государственной программы содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2020-2022 годы.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения ежеквартально представлять соответствующую информацию в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан о ходе выполнения Государственной программы содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2020-2022 годы.

4. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан каждое полугодие представлять информацию Правительству Республики Таджикистан о ходе реализации данной Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2019 года, №644