Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2019 № 605 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар замимаи 1 "Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд":

- дар банди 18 пас аз калимаҳои "бистарӣ будан" ва "сӯхтор" мувофиқан калимаҳои ", дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд" ва "ва офатҳои табиӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 26, зербанди б) банди 28 ва банди 29 рақам ва калимаҳои "500 ҳазор сомонӣ" ба калимаҳои "як миллион сомонӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба замимаи 2 "Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент" банди 50 дар таҳрири зерин илова карда шавад:

*Ҷадвал

3. Дар замимаи 3 "Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд" калимаҳои "Қӯрғонтеппа", "Бохтар" ва "Сарбанд" мувофиқан ба калимаҳои "Бохтар", "Кӯшониён" ва "Левакант" иваз карда шаванд.

4. Дар замимаи 4 "Номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, ки фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ вобаста ба онҳо аз пардохти ҳамаи намудҳон андоз озод мебошанд":

- дар номи замима калимаи "фаъолият" ба калимаҳои "фаъолияти соҳибкории инфиродӣ") иваз карда шавад;

- эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 "Об утверждении Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства" внести следующие изменение и дополнения:

1. В приложение 1 "Правила налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства":

- дополнить пункт 18 после слов "стационарном лечении, "и "пожара" соответственно словами "в период отпуска по беременности и родом" и "и стихийные бедствия";

- в пункте 26, подпункте б) пункта 28 и пункте 29 цифру и слова "500 тысяч сомони" заменить словами "один миллион сомони".

2. Дополнить приложение 2 "Правила налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства" пунктом 50 в следующей редакции:

*таблица

3. В приложении 3 "Зональные коэффициенты, регулирующие плату за патент в пределах городов и районов"слова "Кургантюбе", "Бохтар"и "Сарбанд" соответственно заменить словами "Бохтар", "Кушониён"и "Левакант".

4. В приложении 4 "Перечень видов деятельности по производству товаров народного потребления на дому реализация, выполнение работ и обслуживание, связанные с которыми освобождаются от уплаты всех видов налогов":

- в названии приложения слово "деятельность" заменить словами "индивидуальная предпринимательская деятельность";

- примечание изложить в следующей редакции:

"Примечание: 1. Индивидуальные предприниматели, осуществляющие свою деятельность по данному перечню, обязаны по результатам итогов года представить отчет относительно производства, продажи и оказания услуг в органы статистики по месту деятельности в соответствии с требованиями законодательства в сфере статистики.

...