Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2019 № 576 "Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ"

 

Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ" дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии корхонаи воҳиди давлататии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ"-ро ҳал намояд.

3. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ" дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 78 ҷойгир карда шавад.

4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 258 "Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" замимаи 5 илова карда шавад (замима мегардад).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 14 ноябри соли 2019 № 576

ш.Душанбе

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "14" ноябри соли 2019, № 576

 

Номгӯи ташкилоти системаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ"

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании государственного унитарного предприятия "Информационный центр туристических услуг"

В соответствии со статьей 125 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О государственных учреждениях" и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать государственное унитарное предприятие "Информационный центр туристических услуг" при Комитете по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы государственного унитарного предприятия "Информационный центр туристических услуг".

3. Разместить государственное унитарное предприятие "Информационный центр туристических услуг" по адресу: город Душанбе, проспект Рудаки, 78.

4. Дополнить 5 приложением постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2017 года, №258 "О Комитете по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан" (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 14 ноября 2019 года, №576

Приложение 5

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 14 ноября 2019 года, №576

Перечень организации системы Комитета по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан

Государственное унитарное предприятие "Информационный центр туристических услуг"