Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 аз 30 августи соли 2019 № 469

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2019, № 439

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2019, № 439

тасдиқ шудааст

 

Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 (минбаъд - Барнома) қисми ҷудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 маҳсуб ёфта, барои амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили бозори меҳнат, тавассути паст кардани шуғли ғайрирасмӣ дар мамлакат, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон бо дар назар доштани принсипҳои асосӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат, моҳияти муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ дорад.

2. Барнома барои ошкор ва бартарафсозӣ, инчунин муайян ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои давлатӣ дар ин самт, ташкили корҳои маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ доир ба оқибатҳои манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, таъмини системаи устувор, риоя кардани расмиёти андоз ва мукаммалнамоии сиёсати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

3. Барнома дар асоси тартиби Тавсияҳои 204 Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат "Дар бораи гузариш аз иқтисоди ғайрирасмӣ ба иқтисоди расмӣ" ва Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 таҳия шудааст.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО

4. Мақсади асосии Барнома аз баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ, васеъ намудани имконият ба шуғли аҳолӣ, амалигардонии сиёсати ҳадафмандонаи давлатӣ барои кам намудани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

5. Ба вазифаҳои Барнома дохил мешаванд:

...

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 августа 2019 года, №439

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 августа 2019 года, №439

Программа по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019 - 2023 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019 - 2023 годы (далее-Программа) являясь неотъемлемой частью Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан, до 2020 года имеет важное социально - экономическое значение в реализации государственной политики содействия занятости и совершенствования рынка труда, посредством сокращения неформальной занятости в стране, обеспечения социальной защиты и трудовых прав работников, включая основополагающие принципы и права в сфере труда.

2. Программа направлена на выявление и предотвращение, а так же незарегистрированной (неформальной) занятости, координацию деятельности государственных учреждений в этой области, организацию информирования населения о негативных последствиях такой занятости в обществе, обеспечение устойчивой системы и соблюдение налоговых процедур и совершенствование налоговой политики Республики Таджикистан.

3. Программа разработана в соответствии с положениями Рекомендаций 204 Международной Организации Труда "О переходе от неформальной к формальной экономике" и Целями Устойчивого Развития Организации Объединённых Наций до 2030 года.

2. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ

4. Основной целью Программы является повышение эффективности использования трудовых ресурсов, расширение возможностей занятости населения, реализация государственной политики, нацеленной на сокращение незарегистрированной (неформальной) занятости на рынке труда, обеспечение гарантий трудовых прав и социальной защиты работников и повышение уровня жизни населения Республики Таджикистан.

5. Цели Программы включают:

- организация и проведение мер по выявлению, предупреждению и сокращению незарегистрированной (неформальной) занятости на рынке труда;

...