Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 октябри соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 875 "а"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 октябри соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 875 "а"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "4" сентябри соли 2018 № 131 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо
070.180.010.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйирот ба Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016, №181 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2017, №875 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
...