Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 № 1596 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 феврали соли 2019, № 1278

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 феврали соли 2019, № 1278

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти соли 2019, № 635

ҷонибдорӣ карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти соли 2019, № 635

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 феврали соли 2019, № 1278

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти соли 2019, № 635

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №1, мод. 24) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 7(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 7(1). Нишони шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишон (эмблема) мебошад.

2. Нишони (эмблемаи) шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд.".

2. Ба моддаи 10 сархатҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- Фонди рушди пойтахт ва дигар фондҳои дахлдорро таъсис дода, манбаъ ва тартиби истифодаи маблағи фондҳоро муайян менамояд;

- ҳавасмандгардонӣ ва мукофотҳоро муқаррар карда, низомномаи онҳоро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд;

- бо унвони "Сокини фахрии пойтахт", медалҳои ҷашнӣ ва медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе сарфароз мегардонад;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1596