Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 768 "а"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 768 "а"
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
ҚАРОР
аз 29 декабри 2017 № 6 шаҳраки Тоҷикобод
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 26, 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқукӣ", моддаҳои 6, 262, 308, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти пешниҳоди Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисодиёту буҷет ва андоз, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод қарор мекунад:
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи талаботи бобҳои 40 ва 41-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
2. Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод маблағи андоз аз бозиҳои бизнесӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шуда, тибқи ҷадвали замимагардида муайян карда шавад: (замима мегардад)
3. Меъёри пардохтҳои маҳаллӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба андозаи зерин муқаррар карда шаванд:
- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 15 сомонӣ;
- ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ (бо истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 30 сомонӣ:
4. Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад:
...