Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 декабри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "д"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 декабри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "д"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "8" ноябри соли 2017 № 147 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №215 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯйи қарзҳо"
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №215 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯйи қарзҳо", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2016, №50 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2016, №558"г" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, вор ид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. гузошта шавад.
...