Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории амалисозии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя ва маблағҳои грантӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорату идораҳои масъул, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалисозии босамари Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, ҳар нимсола оид ба рафти иҷрои он ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 апрели соли 2018 № 227
ш.Душанбе
НАҚША