Тасдиқ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21.02.2018 № 1002
Тасдиқ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21.02.2018 № 1002
Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)
Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
бо ташвиши амиқ аз авҷ гирифтани зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), ҳамчун муҳити ҷиддии барангезандаи терроризм, ки ба сулҳу амнияти байналмилалӣ, якпорчагии ҳудуди давлатҳо, рушди муносибатҳои дӯстона байни онҳо, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон,
дар асоси ҳадафу принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 амал карда,
муқаррароти Конвенсияи Шанхай оид ба терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароиро аз 15 июни соли 2001, Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ аз 5 июли соли 2005, инчунин Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ, конвенсияҳои универсалӣ ва протоколҳои зиддитеррористиро такмил дода,
ғояҳо ва таҷрибаи ифротгароиро дар ҳама намуд ва зуҳурот ва роҳ додани даъвати оммавиро қабул накарда ва барангехтани ифротгароиро қотеона маҳкум намуда,
бо эътирофи он, ки амалҳои фарогири Конвенсияи мазкур дар ягон ҳолат наметавонанд сафед карда шаванд, ва шахсони дар содиркунии чунин амалҳо дастдошта, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд,
бо дарназардошти миқёс ва хусусияти хатар доштани амалҳои экстремистӣ барои аҳолӣ ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муҳимияти тақвияти амиқгардонии ҳамкорӣ бар зидди ин зуҳурот,
бо дарки зарурати афзудани саъю талошҳо баҳри муқовимат бар зиддӣ экстремизм ва бо тасдиқи дубораи он, ки ҳамаи тадбирҳои дахлдор бояд бо риояи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, инчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ андешида шаванд,
...