Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 аз 1 марти соли 2018 № 80

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2018, № 80

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2018, № 80

 

БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 (минбаъд - барнома) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатнокии бозори сайёҳии кишвар дар минтақа, инчунин хориҷаи дуру наздик таҳия гардида, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ дар давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

2. Зимни таҳияи барнома таҷрибаи амалисозии Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, инчунин хусусиятҳои вазъи кунунии сайёҳии дохилию байналмилалӣ, тамоюлҳои нав дар заминаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ба инобат гирифта шудаанд.

3. Дар асоси натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашудаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти асосӣ, омилҳои боздорандаи рушди соҳа, сабабҳои рақобатпазир набудани бахши сайёҳии мамлакат муайян карда шуданд.

4. Мушкилоти рушди институтсионалии воридот ва содироти сайёҳон дар барнома мавқеи асосиро касб намуда, роҳҳои ҳалли онҳо дар нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, соддагардонии расмиёти дастрас намудани раводиди сайёҳӣ, аз ҷумла раводиди гурӯҳӣ, соддагардонии расмиёти гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳиву меҳмондорӣ, ба роҳ мондани муколамаи мунтазами давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва мақомоти дигари ба фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, шарикони рушд, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ инъикос ёфтаанд.

5. Дастгирии давлатии рушди сайёҳӣ дар доираи барномаи мазкур чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2018 года, №80

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2018 года, №80

ПРОГРАММА РАЗВИТИЯ ТУРИЗМА В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН НА 2018-2020 ГОДЫ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития туризма в Республике Таджикистан на 20182020 годы (далее - программа) разработана с целью создания благоприятных условий реализации государственной политики в сфере туризма, повышения конкурентоспособности туристического рынка страны в регионе, а также в ближнем и дальнем зарубежье и определяет основные направления, приоритеты, задачи и механизмы реализации государственной политики в области туризма на среднесрочный период.

2. При разработке программы учитывались опыт реализации программы развития туризма в Республике Таджикистан на период 2015-2017 годы, а также особенности текущей ситуации внутреннего и международного туризма и новые тенденции в глобализации и региональной интеграции.

3. На основе результатов проведенного анализасферы туризма в Республике Таджикистан выявлены ключевые проблемы, сдерживающие факторы развития сферы и определены причины неконкурентоспособности отечественного туризма.

4. Ключевое место в программе занимают проблемы институционального развития импорта и экспорта туристов, пути решения которых отражены в плане мероприятий по совершенствованию действующих нормативных правовых актов, упрощению процедуры приобретения туристической визы, в том числе групповой визы, упрощение процедуры выдачи лицензий на осуществление туристической и гостевой деятельности, налаживанию постоянного диалога государства и частного сектора в сфере туризма и плодотворного сотрудничества с туристическими компаниями, гостиницами, санаториями и другими органами, связанными с туристической деятельностью и туристами, партнерами по развитию, улучшению инвестиционного климата в сфере туризма, разработке и распространению информационных материалов, наращиванию человеческого потенциала и повышению квалификации специалистов сферы туризма и обслуживания.

5. Государственная поддержка развития туризма в рамках настоящей программы включает следующие мероприятия:

- эффективное использование возможностей для развития туристической инфраструктуры;

- улучшение качества обслуживания;

- поддержка внутреннего и международного туризма и привлечение инвестиций в этом направлении;

...