Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 аз 29 сентябри соли 2017 № 456

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 сентябри соли 2017, № 456

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 сентябри соли 2017, № 456

тасдиқ шудааст

Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027

1. Муқаддима

1. Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стратегия) аз тарафи шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Рушди ғизои мактабӣ, ки барои расонидани кумак ба табақаи осебпазири аҳолӣ равона шудааст, намуди асосии фаъолияти Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Барномаи кишварӣ (рамз: 200813) барои солҳои 2016-2020 беш аз 370 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоиро дар 2 ҳазор мактаби 52 ноҳия, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ бештар эҳтиёҷ доранд, бо маводи озуқаворӣ таъмии менамояд.

3. Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, самт, вазифаҳои асосӣ ва механизми амалӣ намудаии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи рушди ғизои мактабӣ муайян месозад. Амалӣ намудани он барои баҳодиҳии умумии шароит ва тайёр кардани қадамҳои минбаъда ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо ғизои солим, инкишофи нерӯи таълимӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, инчунин таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар замина гардид.

4. Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, № 531 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017" таҳия гардидааст.

5. Стратегия дар заминаи таҳлили умумии вазъи кунунӣ дар ғизои мактабӣ таҳия шуда, мақсад, вазифа, самтҳои асосии рушди минбаъдаи системаи ғизои мактабӣ, марҳалаҳои асосии амалигардонӣ, натиҷаҳо ва индикаторҳои банақшагирифташуда, инчунин тартиби ташкили мониторинг ва баҳодиҳии комёбиҳои натиҷаҳои банақшагирифташударо муайян месозад.

6. Стратегия васеъшавии пайдарҳами иҳота намудани системаи ғизои мактабии муассисаҳои таълимиро дар вобастагӣ аз имкониятҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳида пешбинӣ менамояд.

7. Стратегия бо дарназардошти имкони пешниҳод кардани ғизои ройгон ба кӯдакони оилаҳои камбизоат ва қисман пардохт намудани маблағи ғизои мактабӣ барои оилаҳои даромади сатҳи пастдошта таҳия гардидааст.

8. Натиҷаи амалӣ намудани стратегия ва барномаи миллии ғизои мактабии дар доираи муқаррароти он асосёфта бояд ташаккули соҳаи ҳозиразамони ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 сентября 2017 года, №456

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 сентября 2017 года, №456

Стратегия устойчивого развития школьного питания в Республике Таджикистан на период до 2027 года

1. Введение

1. Стратегия устойчивого развития школьного питания в Республики Таджикистан (далее - Стратегия) разработана координационном советом по проекту школьного питания в Республике Таджикистан.

2. Развитие школьного питания, направленное на оказание помощи наиболее уязвимым слоям населения, является основным видом деятельности Всемирной продовольственной программы Организаций Объединенных Наций в Республике Таджикистан. В настоящее время Всемирная продовольственная программа Организации Объединенных Наций в рамках Страновой программы (код: 200813) на 2016-2020 годы обеспечивает продовольствием более 370000 учащихся начальных классов в 2000 школ в 52 районах, наиболее уязвимых в вопросах обеспечения продовольственной безопасности.

3. Концепция улучшения школьного питания в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан определяет основные цели, направления, задачи и механизмы реализации государственной политики Республики Таджикистан в сфере развития школьного питания. Ее реализация стала основой для общей оценки ситуации и разработки дальнейших шагов по обеспечению учащихся здоровым питанием, развитию образовательного потенциала, обеспечению продовольственной безопасности, улучшению благосостояния населения, а также обеспечению социально-экономического развития страны.

4. Стратегия устойчивого развития школьного питания разработала на основе положений Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", концепции улучшения школьного питания в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан и пункта 10 постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2016 года, №531 "Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан в 2016 году и задачах на 2017 год".

5. Стратегия разработана на основе общего анализа текущей ситуации в школьном питании и определяет цели, задачи, основные направления дальнейшего развития системы школьного питания, основные этапы реализации, планируемые результаты и индикаторы, а также порядок организации мониторинга и оценки достижения планируемых результатов.

6. Стратегия предусматривает поэтапное расширение охвата системой школьного питания общеобразовательных учреждений в зависимости от экономических возможностей, социального и демографического развития Республики Таджикистан и отдельных регионов.

7. Стратегия разработана с учетом возможности предоставления бесплатного питания детям из необеспеченных семей и частичного софинансирования стоимости школьного питания для семей с низким уровнем доходов.

8. Итогом реализации стратегии и основанной на ее положениях национальной программы школьного питания должно стать формирование в Республике Таджикистан современной отрасли школьного питания.

...