Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 аз 27 майи соли 2017 № 261

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 261

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 261

Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Барнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" таҳия гардидааст.

2. Барномаи мазкур ҳамчун санади муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, махсусан рушди футбол ба ҳисоб рафта, дурнамо ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро дар бар мегирад.

3. Рафти натиҷаи амалисозии Барнома дар ҷаласаҳои Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, иҷрои он аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон амалӣ мегардад.

4. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур аз тарғибу ташвиқ ва оммавигардонии футбол дар байни аҳолӣ, фароҳамоварии шароити мусоид барои машғулият бо футбол ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш иборат мебошад.

5. Мақоми ҳамоҳангсоз дар амалигардонии Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) муқаррар карда шудааст.

6. Дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди футбол дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегарданд.

2. ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

7. Футбол чун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ҳамчун падидаи варзишӣ эътироф шуда, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба футбол, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад. Дар навбати худ футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстоштатарини оммаҳои васеъ буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон ва инчунин ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Самтҳои муҳими Барномаи мазкур ба рушди футболи ҷавонону наврасон нигаронвда шуда, маҷмӯи тадбирҳои афзалиятнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои панҷ соли минбаъда муайян менамояд.

...

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 мая 2017 года, № 261

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 мая 2017 года, № 261

Программа развития футбола в Республике Таджикистан на 2017 - 2021 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития футбола в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы (далее - Программа) была разработана в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О физической культуре и спорта".

2. Данная Программа является определяющим нормативным актом основных направлений деятельности, приоритетов, задач и процедур реализации государственной политики в области физического воспитания, в особенности в развитии футбола, и включает в себя перспективу и пути реализации мероприятий развития футбола.

3. Ход итогов реализации Программы был рассмотрен на заседаниях Совета по развитию физической культуры и спорта при Правительстве Республики Таджикистан и выполнение данной Программы будет осуществляться соответствующими министерствами и ведомствами, организациями и предприятиями, исполнительными органами государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики и Федерацией футбола Таджикистан.

4. Основная цель данной Программы заключается в пропаганде и массовости футбола среди населения, создании благоприятных условий для занятия футболом и соответствований международным стандартам футбольных сооружений, нахождении новых талантов среди подростков и молодежи, заложение оптимальных основ для развития профессионального футбола и усовершенствования деятельности тренеров в этом виде спорта.

5. Координирующим органом в осуществлении данной Программы определяется Комитет по делам молодёжи, спорта и туризма при Правительстве Республики Таджикистан (далее Комитет).

6. На основании этой Программы, будут разработаны, приняты и реализованы местные программы развития футбола на уровне власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики.

2. НЕОБХОДИМОСТЬ ПРИНЯТИЯ ПРОГРАММЫ

7. Футбол как один из самых массовых видов спорта, признан как спортивное явление, а достижения на международных соревнованиях, в том числе на чемпионатах мира и Азии по футболу, бесспорно, являются свидетельством могущества и силы, уровня здоровья и духовности каждой нации. В свою очередь футбол считаясь самым известным и любимым видом широких масс, является важным механизмом физического и духовного развития и воспитания личности особенно среди юношей и молодёжи, а также привлечения населения к физической культуре. Важные направления этой Программы обращены на развития молодёжного и юношеского футбола и определяет приоритетные мероприятия в сфере физической культуры на следующие пять лет.

...