Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024
№ 356)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4)(№ 356).
3. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 40 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (№ 356).
4. Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини раис, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд.
5. Барои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
6. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
7. хориҷ карда шуд (№ 356).
8. Шумораи воҳидҳои кории шуъбаҳо ва бахшҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 44 воҳиди корӣ тибқи замимаи 4 таъсис дода шавад.
9. хориҷ карда шуд (№ 356).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2017 № 258
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва рӯйхати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъсиси шуъбаҳо ва бахшҳои рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 32 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
4. Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини раис, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд.
5. Барои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
6. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
7. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
8. Шумораи воҳидҳои кории шуъбаҳо ва бахшҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 44 воҳиди корӣ тибқи замимаи 4 таъсис дода шавад.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" лоиҳаи санади дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд;
- хароҷоти нигоҳдории (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ) 44 воҳиди кории шуъбаҳо ва бахшҳои рушди сайёҳӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро аз 1 июни соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар солҳои мннбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2017 № 258
ш.Душанбе