Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017 № 258
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356)
1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаи рушди сайёҳӣ таъмин менамояд.
2. Кумита фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
3. Кумита дар фаъолияти худ бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои дигар ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ҳамкорӣ менамояд.
4. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва батанзимдарории фаъолияти сайёҳӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар самти рушди сайёҳӣ;
- додани сертификати хизматрасонӣ ба соҳаи сайёҳӣ;
- таҳия намудани маълумот дар бораи Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳии он, дар бозорҳои байналмилалии сайёҳӣ ва дохилӣ;
- тасдиқи шартномаҳои намунавӣ оид ба хизматрасонии сайёҳӣ бо субъектони сайёҳие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳӣ муайян намудааст;
- муқаррар намудани таснифоти иншооти ҷойгиркунӣ, лижаронӣ ва соҳилҳо;
- расонидани ёрии методӣ ва машваратӣ ба субъектҳои соҳаи сайёҳӣ оид ба ташкили фаъолияти онҳо;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти рушди сайёҳӣ;
- мусоидат барои ҷалби маблағҳои грантӣ, сармоягузорӣ ҷиҳати амалигардонии стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ оид ба рушди сайёҳӣ;
- тавсеа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;
- иштирок намудан дар чорабиниҳо вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баррасии ариза, шикоят ва дигар муроҷиатҳои шаҳрвандон, андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилу фаъолияти Кумита ва сохторҳои он;
- мусоидат намудан ба таъмини иҷрои нақшаю қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба имзо расонидани созишномаҳо оид бо ҳамоҳангсозии фаъолият дар рушди сайёҳӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, инчунин бо созмонҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ;
- мониторинг ва арзёбии хизматрасонии сайёҳӣ;
- ташаккули Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, таъмини истифодабарии мақсаднок ва назорати он;
- ташаккули Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ, таъмини истифодабарии мақсаднок ва назорати он;
- ташкили рушди сайёҳии дохилӣ, таъмини истифодабарии мақсаднок ва назорати он;
- муқаррар кардани тартиби пешбурди ҳисоботҳои дохилиидоравӣ оид ба воридшавии сайёҳони хориҷӣ, намудҳои сайёҳӣ, сафарбаркунӣ ба хориҷи кишвар ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои субъектҳои хизматрасониҳои сайёҳӣ;
- бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ интихоб, тайёр кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти сайёҳии ғайридавлатӣ) ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии дахлдор дар бобати тайёр кардани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ.
5. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- самаранок амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, худидораи маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳо, маълумот ва маводи дигари заруриро дастрас намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонҳои соҳавии хизматӣ, мукофотҳо таъсис намояд, кормандон ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дастовардҳои баланд дар соҳаи сайёҳӣ сарфароз гардонад;
- барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи сайёҳӣ бо тартиби муқарраргардида пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шуроҳо, комиссияҳо, гурўҳҳо), коллективҳои эҷодӣ ва меҳнатиро барои амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи мансуб ба салоҳияти Кумита таъсис диҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;
- ҳамкориҳо ва бастани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- сертификати маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ;
- тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти сайёҳӣ шартномаҳо бандад;
- ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ даъват намудани намояндагони дахлдори вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» анҷом додани фаъолияти нашрӣ, полиграфӣ ва иттилоотӣ;
- баргузор намудани конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ.
6. Кумита дар доираи ваколатҳои худ уҳдадориҳои зерин дорад:
- риояи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида ва пешниҳоди гузориш оид ба ҳолати иҷрои онҳо;
- мунтазам андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати сайёҳии аҳолӣ ва таъмини ташкилотҳо, мақомоти давлатие, ки бо фаъолият дар соҳаи маърифати сайёҳӣ машғуланд, бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ;
- иҷро намудани уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
7. Кумитаро раис роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Раиси Кумита ду муовин, муовини якум ва муовин дорад, ки бо пешниҳоди ў аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинон дар назди раис ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати фаъолияти хизматии онҳоро амалӣ менамояд.
9. Ваколатҳои раиси Кумита:
- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро таъмин намуда, кори онро ташкил менамояд;
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;
- доираи ваколати муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро муайян менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, оинномаҳои ташкилотҳои низоми Кумита ва дастурамалҳои мансабии кормандони дастгоҳи марказиро бо риояи қонунгузорӣ тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани аттестатсия, озмун, ҳимояи имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ, такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад;
- кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин ташкилотҳои низоми Кумитаро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- сиёсати сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, манфиатҳои онро дар соҳаи сайёҳӣ ҳимоя менамояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохторҳои минтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳиро тасдиқ ва назорат менамояд;
- фонди музди меҳнат, басти вазифавӣ, воҳиди корӣ, нақшаи ягонаи даромад ва хароҷот, нақшаҳои кории воҳидҳои сохторӣ, мақомоти нақшаи идоракунӣ ва ташкилоту муассисаҳои низоми Кумитаро тасдиқ менамояд,
- тибқи муқаррароти қонунгузори нақшаҳои кори ҳар як нимсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоту сохторҳои нақшаи идоракунии Кумита ва ҳисоботи иҷрои онҳоро бо риояи қонунгузорӣ тасдиқ менамояд;
- шӯрои илмию техникиро дар Кумита таъсис медиҳад ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунандаро таъсис дода, тартиби фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;
- ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил медиҳад;
- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии кормандони Кумита ва ташкилотҳои тобеи онро ташкил менамояд;
- масъалаҳои хизмати давлатиро дар Кумита баррасӣ менамояд;
- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои минтақавӣ ва ташкилоти низоми Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- қарорҳо, фармоишҳо, супоришҳои муассисаю ташкилотҳои низоми Кумитаро, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат доранд, агар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;
- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои нақшаи идоракунӣ ва ташкилоти низоми Кумита муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони сохторҳои нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият менамоянд, барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- кормандонро ҳавасманд менамояд, дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳои мансабӣ, вайронкунии интизоми меҳнат, тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш нисбати кормандони Кумита ва сохторҳои минтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, чораҳои интизомӣ меандешад;
- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи аризаҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳо, қабул намудани қарор аз рўи онҳо ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таъмин менамояд;
- фармоишҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ қабул намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- бо хизматчиёни давлатӣ, ҳайати хизматрасон ва техникӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад ва дар ҳолати зарурӣ тағйирот ва ё қатъ менамояд;
- ваколатҳои дигари муқаррар намудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд.
10. Дар Кумита мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси мушовара), муовини якум ва муовини ў ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара метавонанд кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии сайёҳӣ дохил шаванд.
11. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои шахсоне, ки аз рўйи мансаб ба ҳайати он дохил шудаанд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҳайати мушовара хориҷ карда мешаванд.
12. Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Кумитаро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара дар шакли протокол қабул шуда, бо фармоишҳои раиси Кумита амалӣ мегарданд.
13. Ҷаласаи ҳайати мушовара дар сурати ширкат доштани аз нисф зиёди ҳайати он эътибор пайдо мекунанд. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.
14. Татбиқи ҷазои интизомӣ бо фармоиши раиси Кумита ба расмият дароварда мешавад.
15. Кумита дар доираи ваколати худ фармоиш қабул менамояд. Ҳангоми набудани раис бо супориши ӯ муовини якуми раис фармоишро имзо менамояд. Дар сурати набудани муовини якуми раис фармоишҳо аз ҷониби муовини раис имзо карда мешавад.
16. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинигардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тибқи тартиби муқарраргардида тавассути суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
17. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, муҳр, штамп ва бланкҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
18. Кумита дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ва тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқи молумулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.
19. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ак. Раҷабовҳо, 3 (№ 356).
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 258
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ
Раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ
Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус
Бахши омор, ҷалби сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Бахши котибот, матбуот ва маркетинг
Бахши коргузорӣ ва назорат (№ 356)
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 258
Нақшаи идоракунии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ;
Шуъбаҳои рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
Бахшҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо.
Замимаи 4
Замимаи 5
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "14" ноябри соли 2019, № 576
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ»
Нашрияи «Рушди сайёҳӣ» (№ 356)