Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 январи соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 875
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 январи соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 875
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 декабри соли 2016 № 181 ш. Душанбе
Дар бораи тасдиқи Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо
Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, № 127-4 "Дар бораи тадбирҳо оид ба рушди бозори металлҳои қиматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", Раёсати Боки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлати пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев гузошта шавад.
Раиси раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
...