Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз 1 апрели соли 2017 № 163

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 163

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 163

Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (минбаъд - Комиссия) мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо (минбаъд - мақомоти манфиатдор) доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

3. Вазифаи асосии Комиссия бо роҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор мусоидат кардан ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

4. Бо мақсади иҷрои вазифаи асосӣ Комиссия ваколатҳои зеринро дорад:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- таҳияи гузоришҳои миллӣ дар бораи рафти амалишавии шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар гузоришҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои пешниҳод ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба мақомоти марбутаи Созмони Милали Муттаҳид;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба баррасӣ ва иҷрои қарор ва мулоҳизаҳои мақоми дахлдори Созмони Милали Муттаҳид;

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 апреля 2017 года, № 163

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 апреля 2017 года, № 163

ПОЛОЖЕНИЕ

о Комиссии при Правительстве Республики Таджикистан по обеспечению выполнения международных обязательств в области прав человека

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Комиссия при Правительстве Республики Таджикистан по обеспечению выполнения международных обязательств в области прав человека (далее-Комиссия) является постоянно действующим консультативным межведомственным органом, созданным в целях координации деятельности министерств и ведомств, местных органов исполнительной, власти, органов самоуправления поселков и дехотов, предприятий, учреждений и других организаций (далее - заинтересованные органы) по выполнению международных обязательств Республики Таджикистан в области прав человека.

2. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, в том числе международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Положением.

2. ЗАДАЧА И ПОЛНОМОЧИЯ КОМИССИИ

3. Основной задачей Комиссии является содействие обеспечению выполнения международных обязательств Республики Таджикистан в области прав человека путем координации деятельности заинтересованных органов.

4. В целях выполнения основной задачи Комиссия имеет следующие полномочия:

- координация деятельности заинтересованных органов по выполнению международных обязательств в области прав человека;

- подготовка национальных докладов о ходе реализации международных договоров и других докладов в сфере прав человека для представления международным организациям, в том числе соответствующим органам Организации Объединенных Наций;

...