Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 феврали соли 2017, № 97
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 феврали соли 2017, № 97
тасдиқ шудааст
Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ (минбаъд - Тартиб) барои амалӣ намудани баҳисобгирии омории субъектҳои фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ, фурӯшандагони маҳсулоти чопӣ ва нашрияҳои даврӣ, инчунин таҳлили фаъолияти субъектҳои табъу нашр, ва полиграфӣ, ноширон, корхонаҳои полиграфӣ, фурӯшандагони маҳсулоти чопӣ ва нашрияҳои даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Баҳисобгирии субъектҳои фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ, фурӯшандагони маҳсулоти чопӣ ва нашрияҳои даврӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ карда мешавад.
2. Объектҳои баҳисобгирӣ
3. Ба ҳисоб гирифта мешаванд:
- фаъолияти ноширӣ - фаъолият оид ба омодасозии дастнависҳои маҳсулоти чопӣ барои чоп;
- фаъолияти полиграфӣ - фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти чопӣ;
- фурӯшандагон ва паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ - шахсони ҳуқуқӣ ё воқеие, ки бо фурӯш ё паҳн кардани маҳсулоти чопӣ машғуланд;
- матбуоти даврӣ - рӯзнома, ҳафтанома, моҳнома, солнома, маҷалла, бюллетен, тақвим, ахбори агентиҳои иттилоотӣ, замимаҳои онҳо, ки ном ва рақами ҷорӣ доранд.
...