Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 феврали соли 2017 № 58
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 феврали соли 2017 № 58
тасдиқ шудааст
РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ "МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Маҳсулоти тамоку" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, муҳити зист, амалҳои огоҳкунандае, ки истеъмолкунандагони маҳсулоти тамокуро нисбат ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ мебаранд, таҳия шудааст ва ба маҳсулоти тамокуе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, татбиқ мегардад.
2. Регламенти техникии мазкур талаботи риоя барои истифода ва ҳатмӣ ба маҳсулоти тамоку, инчунин талаботро ба маълумоте (тамғагузорие), ки дар қуттии истеъмолии маҳсулоти тамоку насб гардидааст, муқаррар менамояд.
3. Дар ҳолате, ки агар нисбат ба маҳсулоти тамоку дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талабот ба маҳсулоти тамоку, ҳамчунин талабот ба маълумоти (тамғагузории) дар қуттии истеъмолӣ насбгардидаро муқаррар мекунанд, қабул шуда бошанд, дар он сурат маҳсулоти тамоку ва маълумоте (тамғагузорие), ки дар қуттии истеъмолии маҳсулоти тамоку насб гардидааст, бояд ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон нисбати он татбиқ мегарданд, мутобиқат намояд.
2. ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
4. Регламенти техникии мазкур нисбати маҳсулоти тамокуе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, татбиқ мегардад.
5. Амали Регламенти техникии мазкур ба маҳсулоти зерини тамоку татбиқ карда намешавад:
- намунаҳои маҳсулоти тамоку, ки аз тарафи озмоишгоҳҳо, истеҳсолкунандагони маснуоти тамоку ва (ё) воридкунандаҳо (фурӯшандагон) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши сифат ва бехатарӣ ворид карда мешаванд, барои ченкунӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, гузаронидани санҷишҳои муқоисавии байниозмоишгоҳӣ, чен кардани параметрҳои меъёрӣ мутобиқи талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, калибрченкунии таҷҳизот, санҷишҳои муқоисавӣ, гузаронидани чошнигирӣ, омӯзиши тарроҳӣ пешбинӣ шудаанд;
- намунаҳои маҳсулоти тамоку, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилкунандагон ва (ё) иштирокдорони намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ярмаркаҳо ба сифати намунаҳо ва экспонатҳо ворид мегарданд;
...