Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 № 45 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451

 

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷшшстон аз 31 августи соли 2012, № 451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" бандҳои 4, 5 ва 6 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"4. Барои соҳибкорони инфиродие, ки маблағи патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт (бо назардошти индексатсия) анҷом медиҳанд, ба андозаи 10 фоизи маблағи умумӣ кам карда мешавад.

5. Маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, инчунин ташкилотҳои ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғулбуда, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартномаи иҷора ва (ё) шартнома оид ба гирифтани роҳхат ба хатсайрҳо ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ маълумотҳоро оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.

6. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода шавад, ки аз соли 2019 ҳар сол бо дарназардошти сатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, тибқи фармоиши муштараки худ андозаҳои пардохт барои патентро индексатсия намуда, муқаррар кунанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" онро ба қайди давлатӣ гиранд.".

- бандҳои 4 ва 5 мутаносибан бандҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.

2. Ба Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ҷумлаи дуюми банди 11 хориҷ карда шавад;

- дар банди 18 пас аз калимаҳои "маҳалли фаъолият," калимаҳои "дар давраҳои дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан," илова карда шаванд;

- аз зербанди в) банди 28 калимаҳои "(ба истиснои амалиёти мубодилаи асъор)" хориҷ карда шавад;

- боби 4 хориҷ карда шавад.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 "Об утверждении Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства" дополнить пунктами 4, 5 и 6 следующего содержания:

"4. Для индивидуальных предпринимателей, которые в авансовом порядке оплатят сумму патента (с учётом индексации) за 3 последующих месяца, сумма патента будет уменьшена в размере 10 процентов от общей суммы.

5. Администрации рынков, торговых центров, также организации, которые занимаются деятельностью по оказанию транспортных услуг и заключают с субъектами предпринимательства договор об аренде или договор о допуске к маршрутам, обязуются каждые три месяца предоставлять в местный налоговый орган информацию о вышеупомянутых субъектах, об их площади деятельности с показателем торговых рядов и месте деятельности в электронной форме.

6. Уполномочить Министерство финансов Республики Таджикистан и Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан с 2019 года каждый год с учетом уровня инфляции за прошедший налоговый год, которые определяются уполномоченным органом в области статистики, согласно их совместному распоряжению индексировать и устанавливать размер ставок патента и в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" провести его государственную регистрацию.".

- пункты 4 и 5 соответственно считать пунктами 7 и 8.

2. В Правила налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 внести следующие изменения и дополнения:

- из пункта 11 исключить второе предложение;

- пункт 18 после слов "место деятельности" дополнить словами ", во время пребывания в воинской службе, по приговору (решению) суда содержание в местах лишения свободы и (или) содержание в следственном изоляторе, нахождения в трудовой миграции";

- из подпункта в) пункта 28 исключить слова "(за исключением валютных операций)";

- главу 4 исключить.

3. Внести в Перечень видов индивидуальной предпринимательской деятельности, которые осуществляются на основе патента или свидетельства, а также размеры платы за патент утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 следующие изменения и дополнения:

...