ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737
Бо мақсади танзими мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 42 Қонупи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Феҳристи мансабҳон давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар §2 боби 2 фасли II дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сархати чоруми мансабҳои категорияи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мушовири калони муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон";
- пас аз сархати чорум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мушовири муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон";
- аз мансабҳои категорияи дуюм сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум хориҷ карда шаванд;
- дар мансабҳои категорияи чорум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сармутахассис";
- аз мансабҳои категорияи панҷум калимаи "Сармутахассис" хориҷ карда шавад;
- ба §3 боби 2 фасли II дастгоҳҳои мақомоти ҳокимияти судӣ зербанди 2.1.1 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2.1.1) Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
...