Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 аз 28 октябри соли 2016 № 456

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2016, № 456

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2016, № 456

тасдиқ шудааст

Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

1. МУҚАДДИМА

1. Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 94 "Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, барои андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда дар миқёси ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

2. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" яке аз қисмҳои муҳими таркибии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, мақсади он иммунизатсиякунонӣ аз рӯи эҳтиёҷоти аҳолӣ мебошад. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" Барномаро ба воситаи сохтори худ, ки аз шаш филиал (филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявин иммунопрофилактика" дар вилояти Суғд, филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар минтақаи Қӯрғонтеппа, филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар минтақаи Кӯлоб, филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар минтақаи Рашт, филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар шаҳри Душанбе) ва 65 марказҳои иммунопрофилактика дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад, амалӣ мегардонад. Барнома хусусияти стратегии умумидавлатӣ дошта, ба масъалаҳои амнияти аҳолии давлат дахл дорад.

3. Дар Барномаи мазкур мафҳум ва ихтисороти асосии зерин истифода мешаванд:

- иммунопрофилактика - усули муҳофизати инфиродӣ ё оммавии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ бо роҳи ташаккули масунияти сунъӣ;

- иммунизатсия - ин раванде мебошад, ки тавассути он шахс масъуниятро бар зидди бемориҳои сироятӣ бо роҳи гузаронидани ваксина пайдо мекунад;

- сессияи иммунизатсионӣ - ҷараёни гузаронидани иммунизатсия;

- иммунизатсияи нақшавӣ - гузаронидани иммунизатсия тибқи тақвими миллии иммунизатсия;

- ваксина - маводи тиббии иммунобиологие мебошад, ки барои пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальной программе иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную программу иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы и План мероприятий по реализации Национальной программы иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы (прилагаются).

2. Руководителям министерств и ведомств, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить реализацию Национальной программы иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016-2020 годы в рамках ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете средств для здравоохранения и ежеквартально предоставлять информацию о ходе её выполнения Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно представлять информацию о ходе выполнения Программы в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 28 октября 2016 года, № 456

г. Душанбе,

от 28 октября 2016 года, № 456

...