Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз 28 октябри соли 2016 № 455

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2016, № 455

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2016, № 455

тасдиқ шудааст

Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020

1. Муқаддима

1. Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 (минбаъд - Барнома) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" ва инчунин ҷиҳати иҷрои банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015" таҳия шудааст.

2. Барнома хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ дошта, татбиқи он бо дарназардошти ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ба тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон нигаронида шудааст.

3. Барнома, ки барои панҷ сол пешбинӣ мешавад, ба фароҳам овардани шароити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла тавонбахшии тиббию иҷтимоии онҳо равона гардидааст.

4. Барнома дурнамои рушди дарозмуҳлати Ҷумхурии Тоҷикистонро, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 зикр шудааст, инъикос менамояд. Илова бар ин, ҳангоми баррасии маърӯзаи дуюми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Шарҳи универсалии даврӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон 6 майи соли 2016 Тоҷикистон аз тасмими баимзорасонии Конвенсия "Оид ба ҳуқуқи маъюбон" хабар дод. Бояд тазаккур дод, ки ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар Бариома муқаррароти Конвенсияи зикршуда ворид шудааст.

5. Шахсони маъюб мисли дигар шаҳрвандон ҳуқуқи дастрасии баробар ба ҳамаи хизматрасониҳо, аз ҷумла тандурустӣ, хизматҳои иҷтимоӣ, тавонбахшӣ, таҳсилот ва барномаҳои рушди малакаҳоро доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), аз ҷумла Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар мавриди назар ҳамфикр буда, маъюбиятро ҳамчун мушкилоти соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, ҳуқуқи инсон ва афзалияти рушд баён менамояд.

6. Маъюбият тамоми бахшҳоро фаро гирифта, ӯҳдадорӣ ва иштироки ҷанбаҳои гуногуни манфиатдорро талаб мекунад. Он муносибати амиқу мукаммалро дар ҳама ҷанбаҳо вобаста ба таҳияи сиёсат ва ташкили хизматрасониҳо тақозо менамояд. Барнома пешниҳодшуда мақсадеро пайгирӣ месозад, ки ҳамчун восита барои қонеъгардонии ниёзмандиҳои маъюбон бо роҳу усулҳои натиҷабахшу самаранок хизмат намояд. Он бар ҳамкорӣ ва шарикӣ асос ёфта, барои ташаббусу эҷодкорӣ дар ҳама сатҳи ҷомеа бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла захирахои молиявӣ, инфрасохторӣ ва инсонӣ мусоидат менамояд ва ҳамчунин муносибатҳои нав ва усулҳои амалиро татбиқ месозад.

7. Барнома баҳри таъмини татбиқи самаранок ва ноилшавӣ ба натиҷаҳои устувор бо истифода аз муносибати мукаммал барои ҳалли мушкилиҳои маъюбон дар соҳаҳои тандурустӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимои стратегияи ҳамаҷонибаро пешниход менамояд, ки он аз ҷумла чунин масъалаҳоро дар бар мегирад: муносибати ба ҳуқуқ асосёфта; мунасибати байнисоҳавӣ; хизматрасониҳо вобаста аз ниёзҳои инфиродӣ; муносибати бисёрҷанба; тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои шахсони маъюб ва оилаи онҳо.

8. Барномаи мазкур ба соҳаҳое дахл дорад, ки ба тандурустӣ, тавонбахшӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маърифатнокӣ, шуғл ва ҳамгироии масъалаҳои маъюбият муносибат доранд. Барномаи миллиро нисбат ба ҳамаи шахсони маъюб истифода намудан мумкин аст, аз ҷумла:

...

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 октября 2016 года, №455

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 октября 2016 года, №455

Национальная программа реабилитации инвалидов на 2017 - 2020 годы

1. Введение

1. Национальная программа реабилитации инвалидов на 2017-2020 годы (далее - Программа) разработана в соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 4 Закона Республики Таджикистан "О социальной защите инвалидов", а также во исполнение пункта 10 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2015 года, №21 "Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан в 2014 году и задачах на 2015 год".

2. Программа имеет социальный и антикризисный характер, её реализация с учетом целей устойчивого развития Организации Объединенных Наций до 2030 года направлена на усиление социальной защищенности инвалидов, в том числе их медицинской и социальной реабилитации.

3. Программа предусмотрена на пять лет и направлена на создание необходимых условий с равными возможностями для всех посредством улучшения состояния здоровья и социальной защиты инвалидов, а также их социально-медицинской реабилитации.

4. Программа отражает перспективу долгосрочного развития Таджикистана, отмеченного в Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года. Кроме того в момент рассмотрения второго национального отчета Республики Таджикистан по Универсальному периодическому обзору по правам человека на Совете ООН по прав.ам человека, 6 мая 2016 года Таджикистан сообщил 6 намерений подписать Конвенцию "О правах инвалидов". Следует отметить, что положения настоящей Конвенции внесены как в законодательство, так и в настоящую Программу.

5. Как и другие граждане, инвалиды имеют право пользоваться равным доступом ко всем услугам, включая здравоохранение, социальную защиту, реабилитацию, образование и программы развития навыков. Правительство Республики Таджикистан, соглашаясь с позицией Организации Объединённых Наций (ООН), в том числе Всемирной организации здравоохранения (ВОЗ), признает инвалидность как проблему общественного здравоохранения, прав человека и приоритета развития.

6. Инвалидность охватывает все секторы и требует обязательств и участия разных заинтересованных сторон. Она требует подробного и ясного подхода по всем аспектам, связанным с разработкой политики и организацией услуг. Предлагаемая Национальная программа преследует цель служить в качестве инструмента для удовлетворения потребностей инвалидов наиболее результативным и эффективным способами. Она основывается на сотрудничестве и партнерстве, содействует креативности и инициативности на всех уровнях общества с целью рационального использования существующих ресурсов, включая финансовые, инфраструктурные, человеческие, a также внедряет новые подходы и практические методы.

7. Программа предлагает всестороннюю стратегию для обеспечения эффективной реализации и достижения устойчивых результатов посредством целостного подхода к решению проблем инвалидов в сферах здравоохранения, реабилитации и социальной защиты, включая следующий подход, основанный на правах, межотраслевой подход, индивидуализированные услуги, ориентированные на человека, всесторонний подход, расширение прав и возможностей инвалидов и их семей.

8. Данная Программа касается сфер, имеющих отношение к здравоохранению, реабилитации, социальной защите, образованию, занятости и интеграции вопросов инвалидности. Национальная программа применима ко всем лицам, имеющим инвалидность, в том числе: 

...