Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2015 № 100 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №178 "Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 июли соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 583 "в"

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 июли соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 583 "в"

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз "28" майи соли 2015 № 100 ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №178 "Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали № 178 "Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2010, № 150 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2010, №583 ба қайд гирифта шудаанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Директори Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. гузошта шавад.

Раиси Раёсат                                Ҷ. Нурмаҳмадзода

Раиси Раёсат                                Ҷ. Нурмаҳмадзода

...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №178 "Об организации расчётов между кредитными организациями на территории Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана

п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить изменения и дополнения в Инструкцию №178 "Об организации расчётов между кредитными организациями на территории Республики Таджикистан", утвержденную Постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 31 мая 2010 года, №150 и зарегистрированную в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 18 августа 2010 года №583 (прилагается).

2. Данное Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить Директора Департамента платежных систем (Машрабов Х.М.) при государственной регистрации данного Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст приложения данного Постановления изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент платежных систем (Машрабов Х.М.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбонов А.М.).

5. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Салимову Л.Дж.

Председатель Правления        Дж. Нурмахмадзода

Председатель Правления        Дж. Нурмахмадзода

от 28 мая 2015 г. № 100

 г. Душанбе

от 28 мая 2015 г. № 100

 г. Душанбе

Приложение к Постановлению Правления

Национального банка Таджикистана

от "28" мая 2015 г. № 100

...