Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 ноябри соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 799
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 ноябри соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 799
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз "06" октябри соли 2015 № 93 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 22 июни соли 2015, № 57
Дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
Ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, № 57 "Дар бораи тасдиқ намудани Асосҳои таъин ва тартиби баруйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба қарор банди 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Баруйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ тибқи қарори мазкур дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 432 муқаррар карда шудаанд, аз санаи мавриди амал қарор додан ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2016 ҷорӣ карда шавад".
- банди 4 банди 5 ҳисобида шавад.
...