Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 806
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 806
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ (ДАЪВАТИ V)
Қ А Р О Р
аз 30 октябри соли 2015 № 38 ш.Панҷакент
Дар бораи муқаррар намудани меъёри ҳадди ақали қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент
Дар асоси моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тожикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №441 "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд додани қитъаҳои замин", Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замин барои шаҳрвандони дар маркази шаҳр истиқоматкунанда 0,06 га ва барои шаҳрвандони дар ҷамоатҳои деҳот зиндагидошта 0,08 га муқаррар карда шавад.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда шавад, ки тақсимоти замини наздиҳавлигиро ба оилаҳои эҳтиёҷманди замин тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба роҳ монда, фаъолияти кумитаи замин ва шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрро дар ин самт зери назорати доимӣ қарор диҳад.
3. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнҳиод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Рафти иҷрои қарори мазкур дар Илҷосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
5. Қарори раиси шаҳр таҳти аз 20 декабри соли 2010, №403 "Дар бораи муайян намудани меъёри замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандони шаҳру деҳоти Панҷакент" ва сархати охирони қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 23 декабри соли 2010, №54 "Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр" аз эътибор соқит дониста шавад.
...