Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 № 195 "Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ба ғайр аз нақлиёти махсус)"

Санаи амалкуни: 28.12.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 179 аз эътибор соқит дониста шуд

 

Тағйиротҳое, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.04.2018 № 174 ворид шудаанд аз 1.01.2018 мавриди амал қарор дода мешаванд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ба ғайр аз нақлиёти махсус)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.10.2016 № 420, аз 5.04.2018 № 174, аз 1.11.2019 № 569, аз 28.12.2019 № 635)

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура. мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус) ба теъдоди 2079 воҳид тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.04.2018 № 174, аз 1.11.2019 № 569, аз 28.12.2019 № 635).

2. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намуда, ба маълумоти мақомоти тобеи дар нақшаи идоракунии мақомот пешбинишуда лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматиро расонида, баҳисобгирӣ ва назорати риояи онро таъмин намоянд ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи тақсими лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматиро пешниҳод намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 668 "Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус)" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2016 № 195

ш.Душанбе

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 635)

Замимаи 1

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 569)

Замимаи 2

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 635)

Замимаи 3 

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ба ғайр аз нақлиёти махсус)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.10.2016 № 420)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура. мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус) ба теъдоди 1996 воҳид тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намуда, ба маълумоти мақомоти тобеи дар нақшаи идоракунии мақомот пешбинишуда лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматиро расонида, баҳисобгирӣ ва назорати риояи онро таъмин намоянд ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи тақсими лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматиро пешниҳод намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 668 "Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус)" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2016 № 195

ш.Душанбе

 

*ниг.ба Замимаи 1,2,3