Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 аз 30 декабри соли 2015 № 795

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2015, № 795

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2015, № 795

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тавре маълум аст, дастрасӣ ба энергия асоси рушди иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани эътимодияти дастрасии доимӣ ба энергияи барқ ва гармиро бошиддат ҳал намуда истодааст.

2. Ҳамзамон, қисмати зиёди минтақаҳои дурдасти кишвар, ки одатан маҳалҳои аҳолинишини хурд ва аз ҳамдигар дур ҷойгиршуда доранд, имконияти дастрасӣ ба энергияи барқро надоранд. Дар Барномаи аз худ намудани манбаҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) аз лиҳози иқтисодӣ фоиданок ва нисбатан самараноки таъмин намудани усули истеъмолкунандагони ин минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ то соли 2020 пешбинӣ шудааст.

3. Яке аз вазифаҳои асосии Барнома, ин ҷалби сармоя ва фароҳам овардани шароити нисбатан мусоид барои сармоягузорон ҷиҳати васеъ истифода намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд, обҳои маҷроӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, ба ҳисоб меравад.

4. Ҳамзамон бо зиёд гардидани шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳҳо бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, масъалаи оқилона ва аз лиҳози иқтисодӣ самарабахш идора намудан ва хизматрасонии ин иншоотҳо хеле муҳим арзёбӣ гардида истодааст.

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои намудҳои зиёди захираҳои гуногуни манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, аз ҷумла:

- энергияи офтобӣ - давомнокии солонаи дурахши офтоб дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақрибан 2000 - 3000 соатро дар як сол дар тамоми минтақаҳои кишвар ташкил мекунад. Бо мақсади ваоеъ истифода бурдани энергияи офтоб ва таъмини оилаҳои камбизоат, иншооти тандурустӣ, маориф ва манзилҳои собиқадорони ҷангу меҳнат бо энергияи барқ, бо дасттирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2014 ба 13 ноҳияи дурдаст 2 433 адад дастгоҳҳои офтоби, бо иқтидори 88,7 кВт дастрас карда шуд.

Дар якҷоягӣ бо Бонки Рушди Осиё, Ширкати энергетикии "Вепа"-и Олмон, Ширкати "Глобал Гигаватт"-и Нидерландия ва Ширкати "ZТЕ"-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкориҳо бобати васеъ истифода намудани лавҳаҳои офтобӣ ба роҳ монда шудааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Рушди Осиё бо мақсади омӯзиши имкониятҳои насби лавҳаҳои офтобӣ дар тамоми минтақаҳои дурдасти кишвар таҳқиқот гузаронид. Бо дарназардошти натиҷаҳои таҳқиқот барои 138 деҳаҳо ҷиҳати насби таҷҳизоти барқии офтобӣ асосноккунии техникию иқтисодӣ омода гардид;

- энергияи шамолӣ - яке аз маъмултарин манбаи барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ба шумор меравад. Самаранок истифода бурдани дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергия аз ҳисоби шамол танҳо вобаста ба ҳолати суръати муайяни шамол, яъне на камтар аз 5 м/с. имконпазир аст. Бинобар ин, истифода бурдани энергияи шамол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми таҳқиқоти ҷиддӣ бо омода намудани асосноккунии техникӣ иқтисодии он мувофиқи мақсад мебошад. Дар ин самт, ба таври таҷрибавӣ дар деҳаҳои Учқул, Мискинобод ва Бунгакиёни ноҳияҳои Шӯрообод ва Файзобод бо ҷалби сармояҳои ташкилотҳои байналмиалӣ, ШСХК "Барқи Тоҷик" ва шахсони воқеӣ 9 дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергия аз ҳисоби шамол бо иқтидори 5,1 кВт. насб гардидааст,

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 795

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 795

ПРОГРАММА ОСВОЕНИЯ ВОЗОБНОВЛЯЕМЫХ ИСТОЧНИКОВ ЭНЕРГИИ И СТРОИТЕЛЬСТВА МАЛЫХ ГИДРОЭЛЕКТРОСТАНЦИЙ НА 2016-2020 ГОДЫ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Известно, что доступ к энергии является основой экономического развития любой страны. Республика Таджикистан, в настоящий момент, интенсивно решает вопросы, связанные с повышением надёжности постоянного доступа к электроэнергии и теплу.

2. Вместе с тем, обширные, высокогорные и труднодоступные районы страны, как правило имеющие небольшие, разрозненные поселения не имеют доступа к электричеству. В Программе освоения возобновляемых источников энергии и строительства малых гидроэлектростанций на 2016-2020 годы (далее-Программа) предложен наиболее эффективный и экономически выгодный способ энергообеспечения потребителей этих регионов республики до 2020 года.

3. Одним из главных задач. Программы является привлечение инвестиций и создание более благоприятных условий инвесторам для широкого использования потенциала гидроэнергетических ресурсов малых рек и водотоков, имеющихся во всех регионах республики и других возобновляемых источников энергии.

4. Вместе с тем, с ростом количества малых гидроэлектростанций и введения их в действия с использованием возобновляемых источников энергий, всё более важным становится вопрос, грамотного и экономически выгодного управления этими объектами.

5. Республика Таджикистан обладает значительными потенциальными возможностями по многим видам возобновляемых источников энергий, таких как:

- солнечная энергия - годовая продолжительность солнечного сияния на территории республики колеблется от 2000 до 3000 часов в году. В целях широкого использования солнечной энергии, обеспечении малоимущих семей, объектов здравоохранения, народного образования, жилья ветеранов войны и труда, при поддержке Правительства Республики Таджикистан в 2009-2014 годах было доставлено в 13 отдалённых районов 2433 единиц солнечных установок с общей установленной мощностью 88,7 кВт. Для широкого использования солнечных панелей, ведется совместная работа с Азиатским Банком Развития, Энергетической Компанией "Депа"-Германии, Компанией "Глобал Гигават" - Нидерландии и Компанией "ZTE"- Китайской Народной Республики.

Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с экспертами Азиатского Банка Развития провели обследование с целью изучения возможности установки солнечных панелей во всех отдалённых районах страны. С учетом результатов обследования для установки солнечных панелей, по 138 селам были подготовлены технико-экономические обоснования;

- энергия ветра - является одним из наиболее известным нетрадиционным возобновляемым источником энергии. Эффективность использования установок по переработке энергии ветра возможно за счет её скорости, при скорости ветра не менее 5 м/сек. Поэтому, использование энергии ветра в Таджикистане целесообразно осуществлять только при тщательной обследовании и его технико-экономического обоснования. В этом направлении, в виде эксперимента, в селах Учкул, Мискинабад и Бунгакиён Шуроободском и Файзабадском районах с привлечением инвестиций международных организаций, ОАХК "Барки Точик" и физических лиц установлено 9 ветровых установок, общей установленной мощностью 5,1 кВт.

...