ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №11, моддаи 510; соли 2006, №3, моддаи 164) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.
Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.".
2. Дар тамоми матни Кодекси амалкунанда калимаи "кӯпрукҳо" ба калимаи "пулҳо" иваз карда шавад.
3. Ба Кодекс моддаи 4 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 4 (1). Заминҳои фонди давлатии об
Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кӯл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин заминҳои барои минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.
Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие, ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.
...