Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 227
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 5) Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 227 "Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, пас аз сархати чилу панҷум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- барномаҳои давлатӣ оид ба рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд; 
- муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд; 
- мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд; 
- махзани маълумот дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавиро ташкил карда, онро идора менамояд; 
- ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама амрнома оид ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама, инчунин қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро ирсол карда, назорати иҷрои онро таъмин менамояд;".
Раиси 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон
 
аз 30 декабри соли 2015 № 820 
ш.Душанбе
 
 
                         
                        
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ 
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №227 
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Пункт 5) Положения об Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №227 "Об Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан", после абзаца сорок пятого дополнить новыми абзацами следующего содержания:
"- разрабатывает государственные программы по развитию рекламы и рекламной деятельности и организует их выполнение; 
- обеспечивает конкурентную среду на рынке рекламы и рекламной деятельности; 
- осуществляет мониторинг состояния рынка рекламы и рекламной деятельности; 
- формирует базу данных о рекламе и управляет ею; 
- отправляет рекламодателям, производителям и распространителям рекламы предписания об устранении нарушений законодательства Республики Таджикистан в отрасли рекламы, а также решение об осуществлении контррекламы и обеспечивает контроль его исполнения;".
Председатель 
Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон
 
г.Душанбе,
от 30 декабря 2015 года, № 820