ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиcи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 67 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 501; с. 2005, №4, мод. 273; с. 2007, №4, мод. 242; с. 2008, №3, мод. 231; с. 2011, №6, мод. 499) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи бобҳо бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
2. Дар матни Дастур калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
3. Дар банди 1 моддаи 1 калимаи "ҳудудҳо" ба калимаҳои "воҳидҳои марзиву маъмурй" иваз карда шавад.
4. Дар банди 1 моддаи 2 калимаи "кори" ба калимаи "фаъолияти" иваз карда шавад.
5. Дар банди 1 моддаи 5 калимаҳои "ба ҷо меорад" ба калимаҳои "иҷро менамояд" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 7:
- аз банди 3 калимаи "ҳозир" хориҷ карда шавад;
- ба банди 5 ҷумлаи чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад;
"Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад ба тариқи пурсиши аксарияти аъзои он кабул карда шавад.".
7. Ба банди 3 моддаи 8 пас аз калимаи "қонунҳо" калимаҳои ", санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст" илова карда шаванд.
8. Ба зербанди ё) моддаи 10 пас аз калимаи "Мустақил" калимаҳои ", Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои парламентии байналмилалӣ" илова карда шаванд.
9. Моддаи 11:
- ба банди 7 пас аз калимаи "комиссияро" калимаҳои ", дар сурати набудани раис муовини ӯро" илова карда шаванд;
- ба банди 8 пас аз калимаҳои "раиси кумита (комиссия)" калимаҳои ", дар сурати набудани раис муовини ӯ" илова карда шавад.
10. Дар банди 3 моддаи 13 калимаи "коришиносон," ба калимаҳои "коршиносон (экспертҳо), мутахассисон," иваз карда шаванд.
11. Матни моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини хизматрасонии ҳуқуқӣ, коргузорӣ, ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.".
12. Дар банди 3 моддаи 19 калимаҳои "Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
13. Ба банди 4 моддаи 20 пас аз калимаҳои "Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон," калимаҳои "Раиси Палатаи ҳисоб," илова карда шаванд.
14. Ба банди 7 моддаи 26 пас аз калимаҳои "Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
15. Дар банди 4 моддаи 28 калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад.
16. Дар банди 4 моддаи 33 калимаи "хизматгузории" ба калимаи "хизматрасонии" иваз карда шавад.
17. Ба банди 1 моддаи 35 пас аз калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад.
18. Номи боби 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН".
19. Моддаи 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Маҷлиси миллӣ масъалаҳои таъсис, барҳам ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳоро ҳаллу фасл менамояд.
2. Таъсис, барҳам ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои дахлдор сурат мегиранд.
3. Маҷлиси миллӣ номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳоро дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳамин воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишини дахлдор амалӣ менамояд.
4. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи таъсис, барҳам ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, инчунин номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳоро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.".
20. Ба номи бобҳои 9 ва 10 пас аз калимаи "Раис," калимаҳои "МУОВИНИ ЯКУМ," илова карда шаванд.
21. Ба матни моддаҳои 45-48 пас аз калимаи "Раис," калимаҳои "муовини якум," илова карда шаванд.
22. Ба номи боби 11 пас аз калимахои "ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ" калимаҳои ", МУОВИНИ ЯКУМ" илова карда шаванд.
23. Ба матни моддаҳои 49 ва 50 пас аз калимаҳои "Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", муовини якум" илова карда шаванд.
24. Дар банди 2 моддаи 57 пас аз калимаҳои "онро аз Маҷлиси миллӣ" аломати "," (вергул) гузошта шавад.
25. Дар банди 1 моддаи 63 ва бандҳои 1 ва 2 моддаи 65 калимаи "Конститутсия" ба калимаҳои "Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 111