Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз аз 30 июни соли 2014 № 134 "Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 августи соли 2014 таҳти рақами 764

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 августи соли 2014 таҳти рақами 764

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РӯДАКӢ

ҚАРОР

аз 30 июни соли 2014 № 134 ш. Сомониён

Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Мутобиқи талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 6, 262, 308, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 79 ва 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо назардошти таклифи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт мутобиқи талаботи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

2. Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи талаботи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

3. Дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии ба қайд гирифташуда тибқи ҷадвали дар замимаи 1 овардашуда муайян карда шавад.

4. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба андозҳои зайл муқаррар карда шавад:

а) барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 метри муррабаъ ба андозаи 15 сомонӣ;

...

ПОСТАНОВЛЕНИЯ МАДЖЛИСА НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА РУДАКИ

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

г. Сомониён, от 30 июня 2014 года, № 134

г. Сомониён, от 30 июня 2014 года, № 134

Об установлении местных налогов и сборов в районе Рудаки

В соответствии с требованиями статей 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 6, 262, 308, 309 и раздела 15 Налогового Кодекса Республики Таджикистан, статей 79 и 82 Закона Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе" и статьи 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актов", и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов района Рудаки по вопросам экономики и бюджета, Маджлис народных депутатов района Рудаки

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Налог на транспортные средства, установить в соответствии с требованиями главы 40 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. Налог с недвижимого имущество, в том числе налог на землю и налог на недвижимые объекты, установить в соответствии с требованиями главы 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

3. На территории района Рудаки размер налога на игровой бизнес для каждого зарегистрированного налогоплательщика, определить согласно с графиком подтвержденным настоящим постановлением (график прилагается).

4. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы учреждений и предприятий, частных предпринимателей и других хозяйственных субъектов на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории района Рудаки установить следующими размерами:

а) размещения обычных рекламных объектов (без использования современной технологии) на 1 м? в размере 15 сомони;

б) размещения рекламных объектов (с использованием современной технологией) на 1 м? в размере 20 сомони.

5. В связи с местонахождением рекламы, установить следующие регулирующие коэффициенты:

а) на территории городка Сомониён района Рудаки коэффициент 1;

...