Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Хатлон Маҷлиси Вакилони Халқи Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 28 марти соли 2014 № 295 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 апрели соли 2014 таҳти рақами 728

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 апрели соли 2014 таҳти рақами 728

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ

ҚАРОР

аз 28 марти соли 2014 № 295 шаҳраки С. Исоев

Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

Дар асоси моддаҳои 8, 9, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 24, 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва моддаи 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаҳои 6, 262 ва 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, қарор мекунад:

1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул мутобиқи бобҳои 40 ва 41-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

2. Дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои ҳар як воҳиди объекти андозбандии бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқакардашуда, тибқи ҷадвали замимагардида, муайян карда шавад.

3. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунонии рекламаҳои берунии корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шаванд:

а) ҷойгиркунонии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 4,50 сомонӣ;

б) ҷойгиркунонии объектҳои рекламавӣ (бо истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 6,00 сомонӣ.

4. Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффисентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шаванд:

...

РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН

ХАТЛОНСКАЯ ОБЛАСТЬ

МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА ДЖАЛОЛИДДИНА РУМИ

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении норм местных налогов и обязательных платежах в районе Джалолиддина Руми

На основании статей 8, 9 и 20 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 24 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актов", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", статьи 81 Закона Республики Таджикистан "О других обязательных оплатах бюджету", статей 6, 262 и 309 Налогового кодекса Республики Таджикистан и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми по вопросам бюджета, торговли, расценки, обслуживания и труда, Маджлис народных депутатов района Джалолиддина Руми постановляет:

1. Налог на транспортные средства, недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налог на объекты недвижимости установить согласно главами 40 и 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. На территории района Джалолиддина Руми сумму налога на игорный бизнес с каждой единицы объекта налогооблажения, согласованного с уполномоченным государственным органом, определить согласно прилагаемой таблицы.

3. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы учреждений и предприятий, частных предпринимателей и других хозяйственных субъектов на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории района Джалолиддина Руми установить в следующих размерах:

а) размещение обычных рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 м2 в размере 4,50 сомони.

б) размещение рекламных объектов (с использованием современных технологий) на 1 м2 в размере 6,00 сомони;

4. Исходя из местонахождения рекламы, установить следующие регулирующие коэффициенты:

а) в центре района Джалолиддина Руми коэффициент 1,2;

б) за пределами центра района Джалолиддина Руми коэффициент 1,0.

5. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц при использовании рекламных объектов, норма обязательных оплат, для размещения рекламы устанавливая, как и отечественным учреждениям и предприятиям, частным предпринимателям и другим хозяйственным субъектам, определить следующие регулирующие коэффициенты:

...