Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2013 № 310 "Оид ба тасдиқи Дастурамали № 202 "Дар бораи тартиб ва қоидаҳои додан, асосҳои рад ва ё бозхонди иҷозатнома барои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва тартиби анҷомдиҳии ин фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 феврали соли 2014 таҳти рақами 139 "г"

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 феврали соли 2014 таҳти рақами 139 "г"

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз 26 декабри соли 2013 №310 ш.Душанбе

Оид ба тасдиқи Дастурамали № 202 "Дар бораи тартиб ва қоидаҳои додан, асосҳои рад ва ё бозхонди иҷозатнома барои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва тартиби анҷомдиҳии ин фаъолият"

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Дастурамали № 202 "Дар бораи тартиб ва қоидаҳои додан, асосҳои рад ва ё бозхонди иҷозатнома барои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва тартиби анҷомдиҳии ин фаъолият" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Директори Департаменти танзими асъор (Мавлонов М.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони ваколатдор иҷрои сархати зербанди 7 банди 41 Дастурамали мазкурро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори амалкунанда дар муҳлати то се моҳ пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур, таъмин намоянд.

5. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2005, №111 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали №138 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиётҳои асъорию мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ", аз 11 июли соли 2008, №206 "Дар бораи тасдиқи тағйироту иловаҳо ба Дастуруламали №138", аз 21 апрели соли 2009, №146 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Дастурамали №138 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ ва танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор" ва аз 24 июни соли 2011, №125 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №138 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ ва танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор"", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2005, №139, 30 июли соли 2008, №139 "а", 29 майи соли 2009, №139 "б" ва 27 январи соли 2012, №139 "в" ба қайд гирифта шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.

...

НАЦИОНАЛЬНЫЙ БАНК ТАДЖИКИСТАНА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ

Об утверждении Инструкции №202 "О порядке и правилах выдачи, оснований отказа или отзыва лицензии на деятельность обменных пунктов валют и порядке осуществления этой деятельности"

Согласно статьи 5 Закона Республики Таджикистан "О валютном регулировании и валютном контроле", Правление Национального банка Таджикистана

п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Инструкцию №202 "О порядке и правилах выдачи, оснований отказа или отзыва лицензии на деятельность обменных пунктов валют и порядке осуществления этой деятельности" (прилагается).

2. Настоящее Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации, и ввести в действие после официального опубликования.

3. Уполномочить Директора Департамента валютного регулирования (Мавлонов М.) при государственной регистрации настоящего Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст приложения данного Постановления изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Кредитные организации и уполномоченные лица должны обеспечить выполнение подпункта 7 пункта 41 Инструкции, в течении три месяца с даты введения в действие данного Постановления.

5. Признать утратившим силу Постановления Правления Национального банка Таджикистана от 25 апреля 2005 года, №111 "Об утверждении "Инструкции №138 "О порядке открытия, регистрации, функционирования пунктов обмена валют и совершения валютно-обменных операций с наличной иностранной валютой", от 11 июля 2008 года, №206 "Об утверждении изменений и дополнений в Инструкцию №138", от 21 апреля 2009 года, №146 "О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №138 "О порядке открытия, регистрации и регулирования деятельности пунктов обмена валют" и от 24 июня 2011 года, №125 "О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №138 "О порядке открытия, регистрации и регулирования деятельности пунктов обмена валют", зарегистрированные в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, 30 июля 2008 года, №139"а", 29 мая 2009 года, №139 "б" и 27 января 2012 года, №139 "в".

6. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент валютного регулирования (Мавлонов М.М.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбанов А.М.).

7. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на первого заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Дж.Юсуфиён.

Председатель Правления                    А. Ширинов

Председатель Правления                    А. Ширинов

от "26" декабря 2013 года №310

 г. Душанбе

...