Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2013 № 180 "Дар бораи ворид намудани илова ба Дастурамали №181 "Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 октябри соли 2013 таҳти рақами 620 "б"

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 октябри соли 2013 таҳти рақами 620 "б"

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз 29 июли соли 2013 №180 ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани илова ба Дастурамали №181 "Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ"

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Иловаи замимагардида ба Дастурамали №181 "Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2011, №151 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, № 620 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, он пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.

...

НАЦИОНАЛЬНЫЙ БАНК ТАДЖИКИСТАНА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ

О внесении дополнений в Инструкцию №181 "О требованиях к системе управления рисками и внутреннего контроля в кредитных организациях"

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана

п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить прилагаемое дополнение в Инструкцию № 181 "О требованиях к системе управления рисками и внутреннего контроля в кредитных организациях", утвержденную Постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 25 июля 2011 года, №151 и зарегистрированную в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 26 августа 2011 года, №620.

2. Данное Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить Директора Департамента банковского надзора (Давлатов И.Х.) при государственной регистрации данного Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст приложения данного Постановления изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент банковского надзора (Давлатов И.Х.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбанов А.М.).

5. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Неъматова А.Х.

Председатель Правления                 А. Ширинов

Председатель Правления                 А. Ширинов

от "29" июля 2013 г. № 180

г. Душанбе

от "29" июля 2013 г. № 180

г. Душанбе

...