Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2015, № 189
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2015, № 189
тасдиқ шудааст
Регламенти техникии бехатарии таҷҳизоти пастшиддат
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии бехатарии таҷҳизоти пастшиддат (минбаъд - Регламенти техникӣ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шуда, талаботи ҳатмиро барои истифода ва иҷроиш нисбат ба таҷҳизоти пастшиддати барқӣ муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникии мазкур бо мақсади дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани талаботи ягонаи ҳатмӣ ба таҷҳизоти пастшиддат барои истифода ва иҷро, таъмини ҷойивазкунии озоди таҷҳизоти пастшиддат, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, таҳия шудааст.
3. Регламенти техникии мазкур талаботро ба таҷҳизоти пастшиддат, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, амвол, инчунин пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) нисбати таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меандозанд, муқаррар менамояд.
2. Мафҳумҳои асосӣ
4. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- истеҳсолкунанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ, ки аз номи худ истеҳсол ва (ё) фурӯши таҷҳизоти пастшиддатро ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи бехатарии регламенти техникӣ масъул аст;
- воридкунанда - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли таҷҳизоти пастшиддат шартнома ба имзо расонидааст, ба муомилот баровардани ин таҷҳизотро ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи бехатарии регламенти техникӣ масъулият дорад;
- шиддати номиналии таҷҳизоти пастшиддат - шиддати дароянда ва (ё) барояндаи (диапазони шиддати) таҷҳизоти пастшиддат, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар ин таҷҳизот ва ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ нишон дода шудааст;
...